Рубрики Хабарҳо

Абудовуд ва Абуусомаро ба Тоҷикистон меоранд?

Зафар Юсуфӣ, сардори раёсати Прокуратураи генералӣ, ҳамзамон раҳбари Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз пайвастани шаҳрвандон ба созмонҳои террористӣ, дар нишасти хабарии масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки Парвиз Саидраҳмонов, мулаққаб ба Абудовуд ва Тоҷиддин Назаров, мулаққаб ба Абуусомаи Норакӣ ба зудӣ аз Сурия ба Тоҷикистон бозгардонда мешаванд. 

Вай таъкид кардааст, ки Парвиз Саидраҳмонов, мулаққаб ба Абудовуд дар яке аз зиндонҳои шаҳри Африни Сурия нигаҳдорӣ мешавад ва Додситонии кулли Тоҷикистон барои истирдоди ӯ тамоми мадорики марбут ба ин ҷангҷӯи дииширо ба давлати Сурия ироа кардааст. 

Мудири ситоди ҷилавгирӣ аз пайстани шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ афзуд, ҳамчунин иқдомоти мушобеҳе дар бораи истирдоди Тоҷиддин Назаров, мулаққаб ба Абуусомаи Норакӣ аз Сурия ба Тоҷикистон анҷом шудааст.

Юсуфӣ афзуд, ин ду нафар пас аз бозгашт ба кишвар, бар асоси қавонини ҷиноии Тоҷикистон ва бандҳои марбут ба мушорикат дар фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ, муҳокима ва муҷозот хоҳанд шуд. 

Ба гуфтаи ин мақоми Додситонии кулли Тоҷикистон, иттиҳоми дигари ин афрод ташвиқи шаҳрвандони Тоҷикистон барои пайвастан ба гурӯҳи такфирии ДИИШ аст.

Абуусомаи Норакӣ авохири соли 2014 ба гурӯҳи ифротии ДИИШ пайваст ва аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ақоиди ин гурӯҳро таблиғ мекард. 

Пеш аз ин аз вай ба унвони сухангӯи ДИИШ дар Ироқ ном бурда мешуд ва мақомоти тоҷик ӯро хатарноктарин мубаллиғи тоҷикистонии ДИИШ медонистанд. 

Парвиз Саидраҳмонови 29-сола, мулаққаб ба Абудовуд ҳам аз фаъолони сайтҳои интернетии муртабит бо ДИИШ маҳсуб мешавад. Абудовуд ҳам дар миёнаҳои соли 2014 аз Русия ба Ироқ рафт ва ба ДИИШ пайваст. 

Се сол пеш хабари кушта шудани Абудовуд дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои низомӣ дар Фалуҷаи Ироқ мунташир шуд, аммо муддате баъд вай бо интишори як видео аз зинда будани худ хабар дод ва эълом кард, ки ҳеҷ барномае наметавонад ӯро аз масире, ки дар пеш гирифтааст, мунсариф кунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *