Роно Танвир Ҳусайн, вазири умури тавлидоти дифоъии Покистон, ки ба Анқара сафар кардааст, дар гуфтугӯ бо хабарнигорон, аз қасди кишвараш барои хариди чархболҳои «T-129 ATAK» ва киштии ҷангии сохти Туркия хабар дод.
Танвир Ҳусайн ҳамчунин эълом кард, ки 90 дарсад аз раванди хариди чархболи сохти Туркия ба поён расидааст ва Покистон ҷанбаи молии ин харидро баррасӣ мекунад.
Вай ҳамчунин афзуд: «дар ояндаи наздик, 2 киштии ҷангӣ барои Покистон дар дохил ва 2-и дигар дар Туркия сохта хоҳад шуд».
Вазири умури дифоъии Покистон дар идома бо ишора ба тамоюли кишвараш барои харид 52 ҳавогарди омӯзишии «Mushshak»-и сохти Туркия, гуфт: «кишварҳои бисёре аз ин навъ ҳавопаймоҳо истифода мекунанд. Ин ҳавопаймо барои омӯзишҳои ибтидоии халабонҳо бисёр идеолӣ аст».
Туркия бо суръат саноъати низомӣ ва содироти маҳсулоти онро тараққӣ медиҳад. Дар 15 соли охир содироти маҳсулоти низомии Туркия 7 баробар афзоиш ёфта аз 247 миллион доллар ба 1 миллиарду 655 миллион доллар расидааст.
Мақомоти туркӣ ният доранд то соли 2021 тамоми эҳтиёҷоти ҳарбии ин кишварро аз истеҳсоли худӣ таъмин кунанд.