Рубрики Хабарҳо

Фаромӯз Иргашев: Ҷасоратро дар Ворух нишон диҳед

Ҳуқуқшиноси хоруғӣ Фаромӯш Иргашев, ки номзадиашро дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ пешниҳод карда буд, ба тирпарронии пулис дар Хоруғ вокуниш кард. Ӯ фарзияи мақомотро рад карда онро 2+2=5 номидааст.

Ба гуфтаи Иргашев асли қазия комилан аз ончи мақомот мегӯянд фарқ дорад. Ӯ гуфтааст “қонун ва манфиатхои халқро кормандони милитсия ба чойи ҳифз намудан поймол карда истодаанд”. 

Иргашев кормндони пулисро, ки ба самти мардум тир холӣ кардаанд “хонашерони майдонғариб” номида, аз онҳо даъват кардааст ин ҷасораташонро дар Ворух нишон диҳанд. 

Матни навиштаи номзади собиқи раёсатҷумҳурӣ, ки дар саҳифаи фейсбукиаш нашр шудааст, ба шакли зер аст:

Санаи 4 ноябри соли 2020 аз тарафи кормандони БДА дар якҷоягӣ бо Отряди милитсияи таъиноти махсус (ОМОН) бинобар сабаби аз тарафи шаҳрванд Зикиллобеков С, гуё ки ба талаботи қонунии онҳо итоат накардан, ба ҳаво аз яроқи оташфишони тапонча ва автомати Калашников тир холӣ намуданд.

Аз рӯи манбаъхои ҳукуматӣ, гуё, ки барои ором намудани 15 нафар «ҷавонони бағазабомада» кормандони милитсия ба ҳаво тир холӣ намуданд, ки ба фаъолияти онхо монеъа эҷод кардаанд.

Яъне, 2+2=5! Аммо 2+2 дар ягон ҳолат 5 намешавад!

Аслияти кор чунин аст, ки кормандони милитсия (5 — 7 нафар мусаллаҳ бо яроқи оташфишон ва дигар лавозимоти ҷангӣ)  ба тарафи одамон ва мошин тир холӣ намуданд (ҳам шоҳидон зинда ҳастанд ва ҳам далелҳо мавҷуданд)! Мардумро кормандони милитсия ҳақоратҳои қабеҳ карда, шаъну шарафи шаҳрвандонро паст заданд!

Ба ҳар ҳол, яроқи оташфишонро дар ҳолатҳои ниҳоӣ ва истисноӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқ истифода менамоянд!

Барои боздошти ҳар як ҳуқуқвайронкунанда, кормандони милитсия пеш аз истифодаи яроқи оташфишон, қувваи ҷисмонӣ ва ё воситаҳои махсусро тибқи қонун ба кор мебаранд. Аммо, дар ин ходиса, зарурияти истифодаи яроқи оташфишон ҷой надошт ва ин амали кормандони милитсия ғайриқонунӣ мебошад! (дар ҷойи аҳолинишин, дар ними шаб, дар наздикии беморхона).

Чунин амали кормандони милитсия нишона ва далели он аст, ки барояшон муқаддасот, арзишхо ва  манфиатхои миллату давлат — сулҳу субот, амнияти шаҳрвандон ва бехатарии давлат арзише надорад!

Қонун ва манфиатҳои халқро кормандони милитсия ба ҷойи ҳифз намудан поймол карда истодаанд!

Чунин бедодгарии кормандони милитсия хатар барои амнияти давлат мебошад ва вазъияти минтақаро ноором месозад! Ҳаёти шаҳрвандонро зери хатар мегузорад!

Рохбарияти ВКД ва дигар мақомоти қудративу назоративу маъмурӣ аз хоби гарон хезед ва аз болои рафтору кирдор ва муносибати зертобеъҳоятон бо мардум назорати қатъӣ баред! Ба беқонуниятӣ ва бедодгарии кормандонатон нуқта гузоред! Пагоҳ дер мешавад ва оқибати чунин бедодгарию беқонуниятии кормандони шумо, бароятон аз нархи ҷон гаронтар меафтад!

Бо тақдири халқу давлат бозӣ накунед!

Халқ барои шумо моли чорво нест ва нангу номус, ҳаёти хеш ва шаъну шарафи худро бо нархи ҷонаш ҳимоя мекунад!

P.S. Бигзор чунин ҷасоратро дар Ворух, дар марз бо қирғизҳо нишон медодед, хонашерони майдонғариб!

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *