Рубрики Хабарҳо

Таносуби манфии тиҷорати хориҷӣ камтар шудааст

Фарқи содироту воридоти Тоҷикистон нисбат ба солҳои гузашта камтар шудааст, аммо ҳамоно содирот беш аз ду баробар аз воридот бештар аст. Қаблан ин фарқ себаробарӣ буд аммо норасоии асъор бо ин шиддат эҳсос намегардид. 

Барои мисол тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2019 4,4 млрд долларро ташкил дода буд, ки 3,3 млрд доллар ё 74,9% дарсади ин нишондиҳанда ба воридот ва ҳамагӣ 1,1 млрд доллар ё 25,1% ба содирот рост меомад

Имсол, тибқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ барои харидории молу маҳсулот аз хориҷа зиёда аз 2,5 млрд доллар харҷ шуда, аз содирооти маҳсулот ҳамагӣ 1,2 млрд доллар ба даст омадааст. Яъне фарқ 2,1 баробар аст. 

Агар раванд бо ҳамин шакл идома кунад, содирот беш аз 1,4 млрдро ташкил хоҳад дод, ки нисбати соли гузашта беш аз 16% бештар аст. Аммо коршиносон тахмин мезананд афзоиши имсола ҳам аз ҳисоби содироти сангу металҳои қиматбаҳо аст. 

Асъор воридшуда аз содирот ва муҳоҷирин барои харидани маҳсулоти минералӣ (нафт ва маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, ангишт, маъдан ва консентратҳо) аз кишвар берун меравад. Барои харидани ин маҳсулот давоми моҳҳои январ-октябри соли равон беш аз 457,4 млн доллар сарф шудааст, ки ҳудуди 20% аз ҳаҷми умумии воридотро дар ин давра ташкил медиҳад.

Гурӯҳҳои маҳсулот дар сохтори воридоти ҷумҳурӣ иборатанд аз:

—  маҳсулоти саноати кимиё (нуриҳо, доруворӣ, гилхок, лавозимоти ороишӣ (кометика) ва ғайра — 269 млн доллар;

— маҳсулоти растанӣ (сабзавоту мева,. Полезиҳо, чой, қаҳва, биринҷ, гандум ва дигар маҳсулот) — 267 млн доллар;

— фулузот (металл)-и арзон ва маснуоти фулузӣ, мошин ва таҷҳизот (генераторҳо, турбина, пойгоҳҳои обкашӣ трансформаторҳо, техникаи маишӣ) — 240 млн доллар;

— маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ (маҳсулоти гӯштӣ, шакар ва маснуоти қаннодӣ, нон ва маснуоти нонӣ, афшураи сабзавоту мева, машрубот)  – 236 млн доллар;

— воситаҳои нақлиёт бо шумули локомтивҳо, вагон, трактор, дучарха (мотосикл) ва велосипедҳо, қисмҳои эҳтиётӣ — 184 млн доллар.

Молу маҳсулоти дар боло зикршуда дар ҳаҷми воридоти кишвар давоми моҳҳои январ-октябр зиёда аз 65%-ро ташкил медиҳад.

Воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистон дар ин давра асосан аз Русия сурат гирифтааст, ки ба ҳиссаи он беш аз 30% аз ҳаҷми умумии воридот рост меояд.

Ба кишварҳои ассосии воридкунандаи молу маҳсулот ба Тоҷикистон инчунин Қазоқистон (23%), Чин (15%), Ӯзбекистон (8,1%), Туркия (3,9%) ва Олмон (2,5%) низ мансубанд.

Имсол Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз 110 кишвари саросари дунё молу маҳсулот харидорӣ кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *