Аз имрӯз дар Тоҷикистон эмгузаронии саросарии сокинони аз 18-сола боло бо ваксаинаи амрикоии «Модерна» шурӯъ мешавад.
Вазорати тандурустӣ ба пойгоҳи Your. Tj гуфтааст, шаҳрвандон метавонанд барои моякубӣ бар зиддӣ бемории Ковид-19 ба марказҳои саломатии маҳалли зисташон муроҷиат кунанд.
Тоҷикистон аз Амрико рӯзи 26-уми июл дар доираи кӯмаки башардӯстона 1,5 млн дона воя ваксинаи «Модерна» дарёфт кард, ки барои 13 фойизи аҳолӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин имрӯз 2 миллион ваксинаи чинии «Коронавак» низ ба Тоҷикистон ворид гашт.