Рубрики Хабарҳо

Бо моли Хадиҷа тиҷорат кардани Он ҳазрат (с) ва хонадор шуданашон бо ӯ

Китоби “Фиқҳуссира” навиштаи донишманди маъруфи олами муосири Ислом Муҳаммад Саъид Рамазони Бутӣ мебошад. Имтиёзи китоби мазкур аз дигар таърихномаҳои дар ин ҷода навишта шуда дар он аст, ки дар он зиндагиномаи Паёмбар (с) ҳамчун манбаи ибрату пандгирӣ қарор дода шудааст.

Муаллиф ҳамаи ҳаёти Паёмбар (с)-ро аз сар то охир нуқта ба нуқта наоварда, балки бархе аз онро ба тартиби замонӣ барчида, аз он панду андарз ва аҳкоми шаръӣ мебарорад. Ба ибораи дигар воқеоти рӯзгори Паёмбар (с)-ро барои татбиқи амалӣ ба хонанда муносибу муҳайё пешкаш мекунад. Китоби мазкур бештар ҷанбаи тарбиявӣ ва ахлоқӣ дорад. Агарчи аз ҷиҳати илмӣ аз дигар таърихномаҳо дар ақиб намемонад. Хусусияти дигари китоб дар он аст, ки чи тавре худи муаллиф борҳо таъкид мекунад, он бар асоси эҳсоси муаллиф нисбат ба Паёмбар (с) навишта шуда, хулосаи таҷрибаи амалии худи ӯ бо ҳаёти Он ҳазрат (с) мебошад.

Қаблан мо чанд қисмат аз онро, ки яке аз донишмандони ҷавони тоҷик тарҷума кардааст, нашр карда будем, ки мутаассифона бинобар машғулияти зиёди тарҷумон қатъ шуд. Ҳоло китоб комилан тарҷума шудааст ва мо онро бо инояти Худованд ҳар ҳафта ду маротиба қисм-қисм нашр хоҳем кард. Қисматҳои моқаблро шумо метавонед бо нохун задан инҷо пайдо кунед.

Бо моли Хадиҷа тиҷорат кардани Он ҳазрат (с) ва хонадор шуданашон бо ӯ

Хадиҷа, тавре Ибни Асир ва Ибни Ҳишом нақл кардаанд, зане савдогар ва молдору бошарафе буд. Ӯ мардонеро ба киро мегирифт ва бо молаш бар ивази маблағе бо онҳо музораба мекард. Вақте ӯ дар бораи сидқу амонат ва хушақлоқии Паёмбар (с) мешунавад, наздашон касеро фиристода, пешниҳод мекунад, ки молашро барои тиҷорат ба Шом бо ходимаш Майсара баранд. Бар ивазаш ӯ барояшон аз дигарон дида музди бештар хоҳад дод. Муҳаммад (с) ин пешниҳоди ӯро мепазиранд ва чун гардонандаи мол ҳамроҳ бо Майсара ба Шом мераванд. Дар ин сафар бо баракати Паёмбар (с) савдо аз пештараҳо дида беҳтар мешавад ва Он ҳазрат (с) ба назди Хадиҷа бо фоидаи зиёд бармегарданд ва он чӣ аз Хадиҷа ба зиммаашон буд, бо амонати том ва сидқи хос месупоранд. Майсара бо дидани ахлоқи неки Паёмбар (с) ва баъзе аз хусусиятҳояшон бо ҳайрату тааҷҷуб ба эшон шефта мешавад ва баъди баргашт ҳамаи онро ба Хадиҷа гуфта медиҳад.  

Хадиҷа низ садоқат ва амонатдории Он ҳазрат (с)-ро меписандад ва шояд ба он баракае, ки ба сабаби он кас ёфта буд, ба ҳайрат меафтад. Ӯ ба воситаи дугонааш Нафиса бинти Мунайя худашро ба Он ҳазрат (с) ҳамчун ҳамсар пешкаш мекунад. Паёмбар (с) ба ин пешниҳод розӣ мешаванд ва бо амакашон дар ин хусус сухан мекунанд. Баъд ӯро аз амакаш Амр ибни Асад хостгорӣ менамоянд. Ҳамин тавр, Паёмбар (с) бо Хадиҷаи чилсола дар синни бисту панҷ солагӣ хонадор мешаванд.

Хадиҷа аз ин пеш бо ду марди дигар хонадор шуда буд, ки яке Атиқ ибни Оизи Тамимӣ буду дигаре Абуҳола Ҳинд ибни Зурораи Тамимӣ.  

Панду андарзҳо:

Бо моли Хадиҷа тиҷорат кардани Паёмбар (с) ин идомаи рӯзгори сахте буд, ки онро бо кори чӯпонӣ сар карда буданд. Он ҷо мо бахше аз ҳикмату андарзҳое, ки ба ҳамин масъала тааллуқ дошт, гуфта гузаштем.

Фазлу мартабаи Хадиҷа дар назди Паёмбар (с)

Бояд гуфт, ки Хадиҷа назди Паёмбар (с) то ба охир мақоми баланде дошт. Дар Саҳеҳайн омадааст, ки “ӯ мутлақо, беҳтарини занони замони худ буд”.

Имом Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд, ки Алӣ (раз.) шуниданд, ки Паёмбар (с) чунин мегӯянд: “Беҳтарини занҳои он (осмон) Марям асту беҳтарини занҳои ин (замин) Хадиҷа”.  

Имом Бухорӣ ва Муслим боз ривоят кардаанд, ки Оиша (раз.) гуфтаанд: “Ба занони Паёмбар (с) ҷуз Хадиҷа рашк накардаам. Агачӣ ман ӯро надидаам. Паёмбар (с) агар гӯсфанде мекуштанд, мегуфтанд: “Инро ба дугонаҳои Хадиҷа баред”. Боре рашкам нисбат ба Он ҳазрат (с) боло гирифту гуфтам: Боз Хадиҷа? Он ҳазрат (с) гуфтанд: “Муҳаббати ӯ чун насибкарди Худо ба ман буд”.  

Имом Аҳмад ва Табаронӣ аз Масруқ нақл кардаанд, ки Оиша (раз.) гуфтаанд: “Паёмбар (с) ҳар гоҳе аз хона мебаромаданд, ҳатман, ёди неки Хадиҷа мекарданду ӯро месутуданд. Рӯзе аз ӯ ба некӣ ёд карданду маро рашкам гирифт. Гуфтам: Ӯ як пиразане буд, ки Худо ба ҷояш ба шумо  беҳтареро додааст. Он ҳазрат (с) дар хашм шуданду баъд гуфтанд:  “На. Ба Худо, ба ҷойи ӯ Худо ба ман беҳтарашро надодааст. Ӯ вақте мардум ба ман кофир шуданд, имон овард, вақте мардум ба ман бовар накарданд, ӯ бовар кард, вақте мардум маро маҳрум намуданд, ӯ бо молаш бо ман мувосо намуд. Худо аз дигар занон ба ман фарзанд надоду аз ӯ дод”.”


Ривояти Ибни Саййидуннос дар “Ъуйуну-л-асар” ва Ибни Ҳаҷар дар “ал-Исоба”.

Фатҳулборӣ 791  

Ҳадиси муттафақун алайҳ

Қиссаи бо Хадиҷа хонадор шудани Паёмбар (с)

Нахустин чизе, ки аз ин хонадоршавӣ фаҳмида мешавад, ин аст, ки Паёмбар (с) он қадар ба лаззати ҷисмонӣ ва муталлиқоти он эътибор намедоданд. Зеро агар мисли дигар ҷавонони ҳамсолашон ба ин чиз эътибор медоданд, занеро меҷустанд, ки аз худашон хурдсолтар бошад ва ё ақаллан, калон набошад. Маълум мешавад, ки Он ҳазрат (с) Хадиҷаро ба хотири шарафу номусе, ки миёни хонадону қавми худ дошт, ихтиёр кардаанд. Чун ӯ ҳатто он замон мулаққаб ба “покдоману боиффат” буд.

Ин ақди заношуйӣ то замоне ки Хадиҷа дар ҳаёт буд давом кард. Вақте ӯ дар синни шасту панҷ солагӣ вафот мекунад, Паёмбар (с) он замон ба синни панҷоҳ наздик шуда буданд. Дар ин муддати бо ҳам будан Он ҳазрат (с) боре ҳам дар бораи ҷуфт шудан бо зани дигар фикр накардаанд. Одатан, синни аз бисту панҷ то панҷоҳ муддате аст, ки дар натиҷаи омилҳои шаҳвонӣ дар вуҷуди шахс рағбат ба зан бештар мешаваду майли якчанд зан доштан ба таҳрик меояд.

Вале Муҳаммад (с), чи тавре, ки гуфтем, ин марҳилаи умри худро бидуни он ки ба болои Хадиҷа зане дигар ва ё канизе гиранд, паси сар карданд. Агар мехостанд зан ё канизи бисёре меёфтанд. Зеро ин кор на хилофи урф буду на дар чашми мардум ғайриодӣ менамуд. Гузашта аз ин ҳама, бо Хадиҷа дар ҳоле хонадор шуданд, ки ӯ бевазан буд ва аз ҷиҳати синну сол қариб як баробар аз худашон калон буд.

Ин ҳодиса даҳони касонеро мебандад, ки дар дили худ нисбат ба Ислом аз қуввати таъсири он кина мепарваранд, амсоли табшириёну шарқшиносон ва пайравони онҳо, ки аз думашон мегарданду ба ибораи Қуръон, “аз гуфтаҳояшон ба ҷуз нидову бонг дигар чизе намефаҳманд”.

Ин гуна ашхос вақте ба масъалае мисли хонадоршавии Паёмбар (с) дучор мешаванд, гумон мекунанд, ки ҷойи нозуки Исломро ёфтаанду акнун метавонанд бо ин роҳ ба дин зарба зананд ва ё паёмбари он Муҳаммад (с)-ро бадном созанд. Хаёл мекунанд, ки акнун метавонанд он касро ба мардум ҳамчун шахсе нишон диҳанд, ки дар лаззати ҷисмонӣ то зону ба шаҳват ғӯтавар асту аммо дар ҳаёти рӯзмарра ба тамом зоҳидӣ дорад. Дар ҳоле, ки асли рисолати ӯро даъват ба тозагии қалб ва покизагии рӯҳ ташкил мекунад.

  Аз касе пӯшида нест, ки табшириён ва аксари шарқшиносон душманони касбии Исломанд, ки таъна задан ба онро пешаи худ қарор дода, аз пушти он нон мехӯранд. Вале бештари касоне, ки ба онҳо фирефта шуда, аз думашон мераванд, танҳо аз рӯйи шуниду тақлид нисбат ба Ислом душманӣ доранд. Онҳо боре ҳам ба фикри омӯхтану таҳқиқ  намешаванд, зеро самараи тақлиду аз думи касе рафтан ҳамин аст. Адовати онҳо ба Ислом нишонаеро мемонад, ки шахс сари синаи худ меовезад, то дигарон донанд, ки ӯ ба кадом мактаб ва ё равия мансуб аст. Маълум аст, ин гуна нишонаҳо беш аз рамзе нестанд. Аз ин рӯ, душмании ин тоифа низ нисбат ба Ислом беш аз рамзе нест, ки бо он  “кӣ будани худ”ро маълум мекунанд. Онҳо бо ин кори худ гуфтанианд, ки таърихи исломӣ ба онҳо рабте надорад ва онҳо танҳо аз он фикри истеъморие пайравӣ мекунанд, ки дар даъвати мубаллиғони он, амсоли табшириёну шарқшиносон, инъикос ёфтааст. Онҳо бо чунин қарору қаноат ба дарки ягон чиз ва ё фаҳми ягон масъала даст мезананд.  Бале, адоваташон ба Ислом танҳо рамзе мебошад, ки бо он худро миёни қавми хеш муаррифӣ мекунанд. Он ба талоши фикрӣ, ки ба мақсади омӯзишу истидлол анҷом меёбад, ҳеҷ рабте надорад. Вагарна, масъалаи хонадоршавии Паёмбар (с) аз он умурест, ки шахси мусулмони огоҳ, донандаи дини худ ва хабардор аз таърихи паёмбари хеш метавонад аз он тамоман, бар акси даъвоҳои ин нафарон далел биёрад.    

Онҳо мехоҳанд Паёмбар (с) ро дар сурати шахси шаҳвоние тасвир намоянд, ки то зону дар лаззатҳои ҷисмонӣ ғӯтавар аст. Худи ҳамин қиссаи хонадоршавии Он ҳазрат (с), чи тавре дар боло гуфтем,  тамоман, бар акси ин даъво далел шуда метавонад. Зеро марде “то зону дар лаззатҳои ҷисмонӣ ғӯтавар” дар муҳите мисли муҳити ҷоҳилият то синни бисту панҷ солагӣ бо ин иффату покдоманӣ дур аз ҷараёнҳои вайрони атроф зиндагӣ карда наметавонад. Баъдан, марде бо чунин “авсоф” ба ҳеҷ ваҷҳ қабул намекунад, ки бевазанеро, ки аз худаш як баробар калон аст, ба занӣ гираду бо вуҷуди имкониятҳои дар даст доштааш тамоми марҳалаи ҷавонии худро то домони пирӣ танҳо бо ӯ гузаронад.

Масъалаи минбаъд ба дигар занҳо хонадор шуданашон бошад, масъалаест, ки ҳар яки он саргузашти худро дошта, аз ҳикмату сабабе холӣ нест, ки донистани он имони шахсро ба бузургии Муҳаммад (с) ва баландии мақому камоли ахлоқашон афзун мекунад. Новобаста аз чи гунагии ҳикмат ва кадомии сабаб, ҳеҷ мумкин нест, ки он хонадоршавиҳо танҳо ба ҳадафи қазои шаҳват ва гӯш додан ба рағбатҳои ҷинсӣ буда бошад. Зеро агар чунин мебуд, барои ин кор вақти хуруҷу ҳаяҷони табии он рағабот муносибтар буд. Хусусан, дар ҳоле ки он замон зеҳни Он ҳазрат (с) холӣ буду дар сарашон он ғаму ташвиши даъват ва гирифториҳо набуд, ки аз бароварда сохтани ниёзҳои фитриву табиӣ боз дорад.

Мо мисли дигар муҳаққиқон намехоҳем, ки суханро дар дифоъ аз хонадоршавии Паёмбар (с) дароз кунем. Зеро гумон намекунем, ки он аслан, муаммое бошад, ки ба баррасиву ковиш ниёз дорад. Агарчи душманони Ислом вуҷуд доштани чунин як муамморо ҳамеша гӯшзад мекунанд.

Ислом басо ҳақиқатҳое дорад, ки душманон мехоҳанд онро бо роҳи ҷалб намудани мусулмонон ба муҳокимаҳои дифоъ аз он ба ботил бароранд.


Ишора ба ояти 171 аз сураи Бақара

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *