Рубрики Хабарҳо

Зиндонбон ва зиндонӣ. Ду бемор ва ду шароит

Вазъи саломатии Раҳматуллоҳи Раҷаб, зиндонии сиёсии узви Раёсати Олии ҲНИТ дубора вахим шудааст. наздиконаш гирифтории дубораи ӯ ба вируси коруноро истисно намедонанд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти зиндон аз интиқоли ӯ ба бунгоҳи тиббӣ худдорӣ мекунанд.

Шӯҳрати Раҳматулло, рӯзноманигор ва писари ин сиёсатмадори зиндонӣ, ки дар Аврупо ба сар мебарад, бо истинод ба хонаводааш мегӯяд, аз шиддати беморӣ падараш 4-рӯзи охир тақрибан чизе нахӯрдааст. Ҳарораташ атрофи 38 дараҷа боқӣ мемонад ва ҳангоми сухан гуфтанаш шунида мешавад, ки бо заҳмат нафас мекашад. 

Дар оғози шуйӯъи вируси коруно Раҳматуллоҳи Раҷаб ба он гирифтор шуда, дар бунгоҳи тиббии зиндони табобат ва ба он пирӯз шуда буд. Мақомот ҳарчанд ба вуҷуди вирус дар зиндонҳо эътироф накарданд, дертар эълон намуданд, ки пеши роҳи паҳншавии вирус дар зиндонҳо гирифта шудааст. Агар ҳоло ин зиндонии сиёсӣ воқеъан дубора ба вирус мубтало шудааст, пас вазъ дар зиндонҳои кишвар хеле нигаронкунанда аст.

Дар оғози мавҷи аввали вирус дар Тоҷикистон зиндонҳои кишвар мамлу аз гирифторони ин беморӣ буданд. Манобеъи Паём , ки танҳо дар зиндони рақами 3-и пойтахт, воқеъ дар маҳаллаи маъруф бо “1-ум Советский” ҳудуди 400 нафар маҳбус гирифтори вируси коруно ҳастанд ва ҳолати 47 нафар вазнин арзёбӣ мешуд. 

Тибқи иттилоъи манобеъи мо танҳо дар ду зиндони Тоҷикистон дар ду рӯз — 10-11 май 8 нафар бар асари гирифторӣ ба вируси коруно . Вазъи зиндонҳои дигар низ ба ҳамин монанд гуфта мешуд, аммо гирифтани маълумот муяссар нагардид. Баъди нашри чанд хабар аз зиндонҳо мақомот бо кадом роҳи расонидани хабарҳо аз зиндонҳо ба моро пешгирӣ карданд.

Беморӣ ва надоштани иҷозаи табобат танҳо мушкиле нест, ки Раҳматуллоҳи Раҷабро ҳамеша пайгирӣ мекунад. Ӯ борҳо дар зиндон шиканҷа шудааст, ки дар бораи бархе аз онҳо мо иттилоъ дода будем. 

Барои мисол рӯзи 20 майи соли 2019 ӯ дар зиндон ва ба утоқи ҷаримавӣ ё ПКТ (Помещения камерного типа) гузаронида ва зери шиканҷаи шадид гирифта шуда буд. Мақомоти зиндон даъво карда буданд, ки гӯё Раҳматуллои Раҷаб қоидаҳои зиндонро поймол ва аз иҷрои дастури зиндонҳо саркашӣ кардааст. Аммо пайвандони маҳбус мегуфтанд, ӯ ба расондани хабарҳои марбут ба ошӯб дар зиндони Ваҳдат айбдор шудааст ва мақомоти зиндон ин кори ӯро “таблиғ” маънидод кардаанд. 

Он замон ба хонаводааш иҷоза надоданд ба вохӯрии нақшавӣ бо ӯ бираванд, дар ҳоле, ки вазъи саломатии ин узви баландмақоми ҲНИТ бо шиддат бад шуд. Танҳо баъди эълони гуруснанишии ҳамсараш мақомоти зиндон ӯро аз ҳуҷраи ҷаримавӣ озод намуда, иҷозаи мулоқот бо хонаводаашро доданд. 

Ҳоло вазъи саломатии ин зиндонии сиёсии 63-сола боз вахим шудааст. Тибқи гуфтаи пайвандонаш ӯ ҳамчунин аз дарди гурдаҳо, буғумҳо, сутунмӯҳра (ки дар зиндон маъюб шудааст), меъда ва ғайра азият мекашад. 

Раҳматуллоҳи Раҷаб ягона зиндоние нест, ки ба беморӣ, азҷумла вируси коруно гирифтор шуда, аз он ранҷ мебарад. Ва зиндониён танҳо гурӯҳе нестанд, ки гирифтори беморӣ мешаванд. Ба бемориҳо ҳама, ҳатто зиндонбонҳо мубтало мегарданд. Аз ҷумла зиндонбони №1 Мансур Умаров. 

Қаблан расонаҳо аз ӯ ба вируси коруно ва муолиҷаи беш аз якмоҳааш аввал дар беморхонаи “Истиқлол”, сипас дар беморхонаи касалиҳои сироятӣ хабар дода буданд. Тибқи иттилоъи манобеъи Паём, Умаров дар беморхонаи “Истиқлол” як ҳуҷраи барҳавои “люкс”-ро банд карда буд ва “бемори №1” маҳсуб мешуду табибон тамоми кӯшишашонро дар муолиҷааш сарф карданд. Вале бо вуҷуди саъю кӯшиши ҳамешагиашон ба зиндонбони №1 ва қаблан амниятии №2 корашон писанд наомад ва ӯ талаб кард, ки ба бемористони сироятӣ гузаронида шавад.

Маблағи зиёде бинобар истифодаи гаронбаҳотарин доруҳову дастгоҳҳо ва ба шахси худаш ихтисос додани ду табибу 4 парастор барои табобати Умаров масраф шуд. Аз ҳисоби буҷа. Табибон ҳамеша зери фишори шадиди равонӣ қарор доштанд, ки дар сурати шифо наёфтанаш амниятии №1 “қабрашонро меканад”. 

Баъди 3 ҳафтаи шифо ёфтанаш аз коруно ва мураххас шуданаш аз бемористон, Умаров дубора ба онҷо . Ин дафъа бинобар хунравии шадиди меъда. Ҳоло гуфта мешавад аз ин беморӣ ҳам шифо ёфтааст ва омодаи баргаштан барои назорат ба сари зиндонбонҳост.    

Манобеъ мегӯянд, ҳарчанд аз Умаров бо тамоми шароиту кӯшиш парасторӣ мешуд, ӯ зимни гирифториаш ба коруно бадтарин наҳваи бемориро аз сар гузаронд. Чанд бор то сарҳади марг пеш рафт ва наздик буд барои посух додан ба заҷру шиканҷаву азоби 12 000 зиндонии тоҷик ба назди Мукару Накир равад. Вале тақдираш ҳанӯз зинда мондан будаасту баргашт. 

То гирифтории ӯ ба коруно ва дарди шадиди меъда ва он замону то ҳоло, садҳо ё шояд ҳазорҳо зиндонӣ аз ин ва дигар бемориҳо ранҷ мебурданду мебаранд. Бо фарқ аз Умаров касе камтарин таваҷҷӯҳе ба дарду ранҷи ин беморон намекунад. Ҳатто доруҳое, ки аз тарафи созмонҳои байналмиллалӣ махсус барои зиндониён ҷудо мешавад, аз тарафи зердастони ин зиндонбони рақами 1 фурӯхта мешавад. Даҳҳо нафари он зиндониён бо азобҳои шадид, бинобар нарасидани дору ҷон доданд ва садҳои дигар азобҳои сахтеро пушти сар карда, шифо ёфтанд. 

Аз ҷумла Раҳматуллоҳи Раҷаб, ки дар ин 5 соли паси панҷараҳои маҳбас чӣ бемориҳое, ки надид ва чӣ азобҳое, ки накашид. 

Умаров вақте бемор буд, хонаводааш, дӯстонаш, ҳамкоронаш канораш буданд ва таскинаш медоданд. Аммо зиндониён, ки баробари Умаров, Ятимов ва Эмомалӣ Раҳмон ҳақи дастрасӣ ба табобатро доранд, ба ҷои ҳарфи таскин дашному таҳқир мешуниданд. 

Ин суол ба зеҳн меояд, ки вақте Умаров ҷон меканд ва дар сарҳади марг қарор дошт, оё боре азоби зиндониён ба ёдаш омада бошад? Оё боре фикр карда бошад, ки 12 000 зиндонӣ, ки ӯ масъули нигаҳбониашон аст, камтарин дастрасӣ ба табобат ва меҳрубонии наздиконашонро надоранд? Вақте ҳарфи таскини наздиконашонро мешунид, онҳоро боли сарашон медид, оё боре фикр карда бошад, ки Раҳматуллоҳи Раҷаб дар орзуи шунидани як калима — “падарҷон” гуфтани Нилуфар аст, аммо имконашро надорад?   

Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб аз оғози боздошташ то ин замон ҳамеша зери шиканҷаи равонӣ қарор дорад ва ҳади ақал чаҳор маротиба мавриди шиканҷаи шадиди физикӣ қарор гирифтааст, ки дар натиҷа саломатиашро аз даст дода, вазъи равониаш ҳам хуб нест. 

1. Санаи 16.09.2015 ҳангоми боздошташон дар СИЗО аз ҷониби КДАМ мавриди шиканҷа ва ё худ латукӯб қарор гирифт, ки дар натиҷа ба муддати 6 соат аз ҳуш рафт ва узви баданаш то баргузории додгоҳ варам буд. 

2. Моҳи июни соли 2016 таҳти шиканҷа қарор гирифт, ки дар натиҷа дасти чапаш нуқсдор шудааст. Сабаби ин шиканҷа ба дӯш нагирифтани ҳукми додгоҳ нисбаташ буд. 

3. Дар ҳамин сол, яъне 27.09.2016 ҳангоми интиқолаш аз СИЗО ба зиндони рақами 1- ш. Душанбе аз ҷониби намояндаҳои ВКД ба таври шадид шиканҷа шуд, ки дар натиҷа ба бемории инсулт мубтало шуданд. Сабаби ин дафъа шиканҷа шуданаш фаъолиятҳои касбии писараш Шӯҳрати Раҳматуллоҳ гуфта мешавад. Як рӯз қабл дар назди ҳавлиашон теъдоде аз «донишҷӯён» бо нишони эътироз ба сӯи хонаи онҳо сангу тухм партоб карданд. 

4. Аз санаи 21.05.2019 то 25.05.2019 дар ПКТ (шиканҷагоҳ)бараҳна карда бо чӯбдаст зери латту куб карор доданд ва муддати 4 рӯз дар ПКТ нигахдорӣ карданд. Дар натиҷа маризии инсулташ авҷ гирифт ва комилан як тарафи чапи узви баданашон аз кор монд. 

5. Мохи майи соли равон ба бемории Covid-19 гирифтор шуд. Баъд аз шифо ёфтанаш зарари вирус ба камараш асар гузоштааст ва ҳоло аз дарди сутунмуҳрааш ранҷ мебарад. Вақтҳои ахир аз саломатиаш сахт шикоят мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *