Си Ҷинпин, раҳбари Чин, бо таъйиди парлумони ин кишвар, ки тобеъи ҳизби коммунист аст, барои севумин бор раисҷумҳур шуд.
Ин таҳаввул дар пайи истеҳкоми қудрат аз сӯи Сии 69 сола, сурат мегирад, ки ӯро ба қудратмандтарин раҳбари Чин дар чандин даҳаи ахир табдил кардааст.
Дар системи ҳукумати Чин нақши раисҷумҳур умдатан ташрифотӣ аст.
Қудрати Си беш аз ҳар чиз ҳисоби дабирикуллии Ҳизби коммунист ва раёсати Комиссиюни марказии артиши Чин аст.
Аз қабл интизори таъйиди севумин давраи риёсатҷумҳурии ӯ мерафт. Муаррифии як нахуствазир ва вузарои мухталиф дар рӯзҳои оянда ҳам таҳаввули муҳимме ба ҳисоб меояд.
Си дар ҳоле беш аз пеш қудратро қабза карда, ки Чин дар ҳоли хурӯҷ аз сиёсати “Ковид сифр” аст, ки ҳазинаи зиёде барои ин кишвар дошта ва боиси тазоҳуроти зидди давлатӣ шудааст.
Иҷлоси маъруф ба “ду нишаст”-и Кунгираи миллии халқ ва конфронси мушовираи сиёсии халқи Чин (СРРСС) дар ин ҳафта як ишора аз самти ҳаракати Чин дар солҳои ояндаро ба даст хоҳад дод.