Дар Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар қимати маводи сӯхт дар қиёс бо ҳафтаи гузашта боз поин рафтааст.
Тавре бахши руси хабаргузории АзияПлюс за натиҷаи монитирнги худ гузориш додааст, ҳоло дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе 1 литр бензини навъи АИ-92 9,5 сомонӣ арзиш дорад. Ҳафтаи гузашта ин рақам 10 сомониро ташкил медод.
Қимати 1 литр бензини навъи АИ-95 низ то 9 сомониву 80 дирам поин рафтааст. Қаблан як литри ин тамға 10 сомониву 50 дирам арзиш дошт.
Дар ҳамин ҳол, нархи сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ бетағйир боқӣ мондааст. Як литр сӯзишвории дизелӣ дар пойтахт мисли пештара 12 сомониву 60 дирам ва 1 литр гази моеъ бо ҳамин қимати 6 сомониву 20 дирам ба фурӯш меравад. .
Дар Хуҷанд низ вазъият ҳамин аст — дар Хуҷанд бензин ҳам арзонтар мешавад.
Як литри тамғаи АИ-92 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳр 50 дирам арзон шуда, рӯзи 14 октябр ба 9 сомониву 50 дирам фурӯхта шуд.
АИ-95-ро, ки қаблан 10 сомониву 60 дирам буд, акнун бо 10 сомониву 20 дирам харидан мумкин аст.
Нархи сӯзишвории дизелӣ дар Хуҷанд бетағйир боқӣ мондааст: он 12 сомониву 50 дирам ба фурӯш меравад. Гази моеъ дар ин шаҳр 6 сомониву 10 дирам арзиш дорад.
Дар ҷануби кишвар, дар шаҳри Бохтар нархи як литр бензини навъи АИ-95 10 сомониву 30 дирам ва як литр бензини навъи АИ-92 9 сомониву 60 дирам ба фурӯш меравад.
Дар ҳамин ҳол, нархи 1 литр сӯзишвории дизелӣ дар шаҳри Бохтар 12 сомониву 60 дирам ва 1 литр гази моеъ 6 сомониву 30 дирам ба фурӯш меравад.
Коршиносон тамоюли поин рафтани қимати маводи сӯхтро ба фарорасии фасли зимистон ва анҷоми корҳои саҳроӣ марбут медонанд.
Қаблан Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буд, ки нархи сӯзишворӣ ва равғани молиданӣ дар фасли зимистон маъмулан ба далели коҳиши талабот поин меравад.
Бахору тирамох, баръакс, аз хисоби пурзур шудани корхои хочагии кишлок арзиши аслии сузишворй зиёд мешавад.
Тибқи омори расмӣ, Тоҷикистон 86 дарсади маҳсулоти нафтиро аз Русия ворид мекунад ва ҳудуди 90 дарсади гази моеъ аз Қазоқистон ворид мешавад.