Рубрики Хабарҳо

Думбаат ҳам танҳо моли худат нест (Нома ба “Пешво”)

Здрасти, Шарипович!

Ҳоло, ки дар Чолпан-Ата каҷпаҳлӯ задаӣ ва зиёфати рафиқат Содирро нӯши ҷон мекунӣ, ин номаро бихон. Сахт мегӯям, бо ду сабаб: аввал ин ки аз “лох”-ии ту хун ба сарам задаву хоб аз чашмонам паридааст, дувум ин ки ту забони нармро намефаҳмӣ. 

Фикр карда будам мурдаӣ ё “запой” рафтаӣ, чун ду ҳафта аст, ки раиятатро дар кишвари “шарики стратегӣ” таъқиб, таҳқир, латукӯб карда, даҳҳо нафарашонро аллакай ба ҷанг бурданд, аммо садое аз туву ҳукуматат шунида нашуд. Имрӯз ҳам, ки бо ҳавопаймоӣ 93-миллиондолларии “шик” ба Бишкек парвоз кардӣ, то ба Содир ва ҳатто Мирзиёеву Тоқаев, ки мисли ту ҳавопаймо надоранд алам кунад, дар чанд шаҳри Русия боздошти латукӯб ва ба ҷанг фиристодани тоҷикон идома дорад.

Наранҷ, аммо “каттагӣ”-и ту бо ҳавопаймо байни ҳамтоёни туркзабонат ҳамон достони Мавлавӣ дар бораи лӯтиву кундае, ки шамшер ба камар ҳамоил карда буд, ба хотир меорад. Дақиқан ту ҳатто як саҳифа аз “Маснавии Маънавӣ”-и Мавлавӣ нахондаӣ. Маснавӣ чи, дар умрат шояд ягон китобро то охир нахонда бошӣ. Бинобар ин, маҷбурам он достонро кӯтоҳ нақл кунам. Агар ҷои ту дарсхондае раисҷумҳур мебуд, танҳо ҳамин ишора, ки дар боло дар бораи достон кардам кофӣ буд, аммо ба ту бояд ҳама чиз майда карда фаҳмонда шавад. Аҷаб балое Худо ба сарамон овардааст.

Хулоса, достонро гӯш кун. На, қабл аз нақли достон маънии чанд калимаро бароят шарҳ диҳам, чун дақиқан намефаҳмӣ. “Лӯтӣ”-ро ба забони ба ту маълум “голубой” гӯянд. “Кунда” ҳам дар Маснавӣ ба ҳамин маънӣ аст, аммо лутӣ фоъил асту кунда мафъул. “Фоъил” ба кунандаи коре гӯянд ва “мафъул” ба оне, ки кор болояш анҷом мешавад. “Сарнагун афкандан” дар ин достон бо забони бароят маълум “кӯз” мондан аст. 

Инак достони он лӯтӣ:

Лӯтие кундаеро ба хонааш бурду ӯро сарнагун фиканд. То корашро болои ӯ анҷом медод, шамшере дид дар камари мафъул. Пурсид, ки чаро “шамшер ба камар бастаӣ?” Он бадбахт ҳам аз поён посух дод, ки “агар касе дар бораам бад андешид, бо ин шамшер шикамашро медарам”.

Медонӣ чаро раҳбарони кишварҳои дигар ба таҳқиру латукӯби шаҳрвандонашон бо тундии тамом посух медиҳанд ва омодаанд сафири кишвари таҳқиркунандаро берун кунанд ва ҳатто тамоми муносибот бо он кишварро қатъ созанд? Зерро таҳқири раъияти як раҳбар дар кишвари дигар ба маънии сарнагун афкандани он раҳбар аст.

Шарики стратегӣ ва “дӯсти дерина”-ат Путин сарнагунат афкандааст, ту бошӣ назди ҳамтоёни минтақавиат бо ҳавопаймои хусусиат меболӣ. Мутмаинам, аз замоне ки ҳавопайморо бароят харидаанд, шабу рӯз мунтазири ҳар саммите дар хориҷи кишвар ҳастӣ, то назди раҳбарони кишварҳои дигар бо “дримлайнер”-ат биболӣ.   

Мутаассифона, сабаби якбора муҳоҷирони тоҷикро чап гирифтани Русияро ҳам танҳо туву акаи Путинат медонед. Байни шумо чи чизе гузашта, ки акаат аз ту ранҷидааст, вале борони азобу шиканҷа ба сари муҳоҷири бечора меборад. Миллат маҷбур аст танҳо тахмин бизанад, ки ту боз чи номаъқулие кардӣ?

Тахмини мо ҳам ин аст, ки сабаби қаҳри акаат ё аниқтараш, бо ибораи дӯстдоштаи худат, хоҷаи хориҷиат аз ту, бинобар рӯ ҷониби хоҷаи дигар гардонданат мебошад. Яъне, вақте ба Чин рафтиву эълон кардӣ, ки пои хидмат назди Ҷинпин мегирӣ, Путин сахт ранҷид. Бе ин ҳам бечора ҳар рӯз хабари нохуш мешунавад ва намедонад аламашро аз кӣ гирад. Ту бошӣ дар ҳамин ҳолат мавқеъношиносона қиблаатро иваз мекунӣ. 

Зоҳиран бароят гуфтаанд, ки Русия дигар тамом, на қудрат дораду на фишанг. Дигар Чин аст, ки ҳарфи аввалро дар минтақа мезанад ва омодааст аз ту ҳам пуштибонӣ кунад. Ва ту мисли ҳамеша бод гирифтаву бодигӣ кардӣ. Аз аввал, аз замони наврасиат бодӣ будӣ, ёдат ҳаст?

Албатта дуруст гуфтаанд, Русия дорад тамом мешавад. Аммо мавқеъношиносии ту ба нашинохтани мақеъи худат бармегардад. Ҳамтоёни минтақавиат мисли ту дастнишондаи Русия нестанд ва вобастагиашон ҳам ба он хеле камтар аз туст. Ту бошӣ ҳеҷ коре на барои истиқлоли воқеъии миллат ва на барои раҳоии худат аз занҷири Путин накардӣ ва ҳоло шатташро мехӯрӣ. Аниқтараш миллат шаттаи беақлиҳои туро мехӯрад. 

Агар боз ҳам бо забони ба худат фаҳмо нависам, думбаатро бо шохи гов ҷанг андохтӣ. Он ҳам дар ҳоле, ки гов сахт ошуфта асту намедонад ба кӣ ҳамла кунад. Аммо кош думбаат танҳо мутааллиқи худат мебуду зарбааш ҳам танҳо ба худат исобат мекард. Ва кош гов ҳам ақлу шараф медошту шохашро ба шахси худат мезад.

Вақте раҳбари кишвар мешавӣ, ҳар коре анҷом медиҳӣ бояд авоқибашро на танҳо барои худат, барои миллату кишвар ҳам фикр кунӣ. Ва пеш аз он ки думбаатро бо шохи гов чанг андозӣ, бояд бидонӣ, ки думбаат танҳо аз худат нест ва ҳар зарбае ба он ворид мешавад, дар ҷони миллат ҳам эҳсос мегардад.

Мавқеъношиносиат як тараф, ҳар гоҳ кадом пуштибоне ё фоъиле дар пасат дидиву бод гирифтӣ, бо бархӯрди кӯчактарин сӯзан мисли пуфак мекафӣ. Ақалан чанд рӯз аз мавқеъи худат ҳимоят намекунӣ, ки дар дили мардум ҳам умеде пайдо шавад. Ин дафъа ҳам, ки баъди меҳрубонии раҳбари Чин фукат ба осмон расиду ҳамаро, ҳатто хоҷаи асосиатро фаромӯш кардӣ, бодат зиёд намонд. Чунон фус шудаӣ, ки ду ҳафта аст садое на аз туву на аз ҳукумати оилавиат, аз ҷумла писари генералу духтари миллиардерат шунида намешавад. Ақалан мисли ҳамон кунда аз шамшерат лоф намезанӣ.

Ҷои ту номусдортаре мешуд, ҳади ақал камтарин муқобилияте нишон медод. Барои мисол масъалаи пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистонро мебардошту мегуфт, ки “русҳо мардуми моро дар Русия муҳофизат карда наметавонанд, дар ватани худамон чи хел муҳофизат мекунанд? Вақте онҳо шарикии стратегиро ба назар намегиранду бо шаҳрвандони кишвари дӯст чунин муносибат менамоянд, мо ҳам маҷбурем ин шарикиву дӯстиро бозбинӣ кунем”.

Ақалан мисли Пашинян ҷуръат дошта бош! Дидӣ, ки таҳдид мекунад аз СПАД хориҷ хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҷанг бо Озарбойҷон шикаст хӯрдааст ва мавқеъаш бисёр заъиф аст. Дидӣ, ки муносибати акаи Путинат баъди ин таҳдидаш бо ӯ чи гуна тағйир ёфт? Бовар кун, агар ту ҳам чунин ҷуръате нишон диҳӣ, на танҳо муносибати Путин бо туву миллататат тағйир меёбад, балки каме обрӯ ҳам байни раъиятат касб мекунӣ. 

Ё ҷои ту баномустаре мешуд, аз муҳоҷирон дархост мекард, ки ба ватан баргарданд, шиносномаҳои русиашонро ба замин гӯр кунанд. Мегуфт, ки “дуруст, ки дар Тоҷикистон ҷои кор нест, маош кам аст, зиндагӣ сахт аст. Аммо аз ин гуна таҳқир шудан, якҷоя гуруснагӣ кашидан беҳтар аст. Шиносномаҳои русиву патентҳои кориатонро дар сарҳад ба мақомоти рус супореду баргардед, якҷоя ватанро обод мекунем”. Мардум ба рағми ту номус дорад, ва агар ту камтарин ғайрате нишон додӣ, на танҳо ғайраташ даҳчанд хоҳад шуд, балки имкон дорад ҳама беномусиҳои қаблиатро бибахшад.   

Агар ҳамон 93 миллионеро, ки барои роҳати думбаат ва бодигӣ дар назди ҳамтоёнат ҳавопаймо харидӣ, барои ҳифзи раъиятату обрӯи худат масраф мекардӣ, медонӣ чӣ мешуд? Масалан мегуфтӣ, ки ҳар хонаводае ба Тоҷикистон баргардад, масрафи зиндагии нимсолаашро пардохт мекунам, давомаш боз Худо подшоҳ. Ва ба ҳар хонаводаи бозгашта дуҳазордолларӣ пардохт мекардӣ. Ин 93 миллион ба 46 ҳазору 500 хонавода мерасид! 46 500 хонавода ин ҳади ақал 200 000 нафар аст. Бовар кун, агар 200 000 нафар аз Русия баргардад, Путин гирякарда наздат меояд. Ҳамон гуна, ки баъди аввалин шикастҳояш дар Укроин муносибаташ бо туву дигар вассалҳояш тағйир ёфту якбора дар фикри рушди муносиботи дутарафа шуд.   

Аммо ту хасистарин нафареӣ, ки мешиносам. Ёдат ҳаст буқаеро, ки дар Бохтар тӯҳфаат карда буданд, амр кардӣ, ки ба хонаат фиристанд? Бо ин ҳама миллиардҳое, ки аз миллат ғорат кардаӣ, дилат нашуд ҳамон як буқаро дар ҷояш ба чанд хонаводаи қашшоқ тақсим кунӣ. Аз куҷо дилат мешавад 93 миллиони буҷаро, ки моли худату хонводаат медонӣ барои муҳоҷирон масраф созӣ?

Баъдан, қади маргат аз баргаштани муҳоҷирон метарсӣ. Медонӣ, ки агар онҳо баргарданд, на танҳо худашон, балки кулли кишвар гурусна хоҳад монд ва ин лашкари гурусна дар чанд рӯз худатро мехӯрад. Бинобар ин тарҷеҳ медиҳӣ ҳар рӯз акаи Путинат сарнагунат афканад, аммо зинҳор муҳоҷиронро ба Тоҷикистон нафиристад.  

Мисли ҳамеша фикр мекунӣ, “чанд рӯз тоқат кунем, инаш ҳам мегузарад”. 

Бале, мегузарад. На танҳо ин, балки даври туву фарзандонат ҳам мегузарад. Ва танҳо достоне, ки аз ту хоҳад монд, ҳамон масали кундаест, ки шамшер ба камар ҳамоил карда буду лофи ғайрат мезад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *