Рубрики Хабарҳо

Туркия мувофиқати худро бо пайвастани Суис ва Финланд ба НАТО эълом кард

Дафтари риёсатҷумҳури Финланд рӯзи сешанбе эълом кард, ки Туркия ёддошти тафоҳумеро имзо ва бар асоси он аз мухолифати худ бо узвияти Суис ва Финланд дар Созмони паймони Атлантики шимолӣ (НАТО) сарфи назар кардааст. 

Ин тафоҳумнома сешанбе ва пеш аз оғози расмии нишасти НАТО дар Мадрид ба имзо расида ва таъйид мекунад, ки “Туркия дар ин нишаст аз даъвати Финланд ва Суис барои пайвастан ба НАТО ҳимоят хоҳад кард.” 

Сарони кишварҳои узви НАТО то 30 июн дар пойтахти Испания ҳузур доранд то дар бораи мавзӯъҳои зиёд, аз ҷумла таҳдидоти Русия дар пайи ҳамлаи низомии ин кишвар ба Укроин гуфтугӯ кунанд. 

Ин тафоҳум дар ибтидои нишасти рӯзи сешанбе, муқобили дурбини расонаҳо ба имзои вузарои хориҷаи се кишвар (Туркия, Суис ва Финланд) расид ва пас аз он Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО эълом кард, ки раҳбарони НАТО ба таври расмӣ аз Финланд ва Суис даъват хоҳанд кард то рӯзи чаҳоршанбе ба ин эътилоф бипайванданд. 

Мавзӯъи тафоҳумнома чӣ буд? 

Дафтари Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия эълом кард, ки Хелсинки ва Стокголом тавофуқ кардаанд “ба таври комил бо Туркия дар муборизааш бо ҳизби коргарони Курдистон (ПКК) ва дигар гурӯҳҳое, ки Анқара онҳоро созмонҳои террористӣ медонад, ҳамкорӣ кунанд… Ва маҳдудият ё таҳриме алайҳи саноъати дифоъии ин кишвар аъмол накунанд.” 

Дар идомаи баёнияи дафтари Урдуғон омадааст, ки Туркия қабл аз мувофиқат бо пайвастани ин ду кишвар ба эътилофи дифоъии НАТО “он чиро, ки мехост” аз Суис ва Финланд дарёфт кардааст. Аз ҷумла ин ки муқаррар шудааст “ду кишвар иқдомоти мушаххасеро барои истирдоди ҷинояткорони террорист аз сарзаминҳоишон ба иҷро бигузоранд…. Ва фаъолиятҳое ҳамчун ҷамъоварии кумакҳои молӣ ва ҷазби нерӯ барои “ПКК” ва гурӯҳҳои вобаста ба онро низ мамнӯъ кунанд.” 

Бо ин вуҷуд Саули Ниинистё, раисҷумҳури Финланд муқобили хабарнигорон эълом кард, ки дар ин тавофуқ, ҳеҷ феҳристе аз афрод барои истирдод вуҷуд надорад. Ў таъкид кард, ки ин тафоҳумнома, ки ба зудӣ матни комили он аланӣ хоҳад шуд, усули марбут ба истирдоди террористҳоро шарҳ медиҳад ва на шаҳрвандонро. 

Интизор меравад гумонзаниҳо дар ин бора, бо интишори матни аслии тафоҳумнома ва бахшҳое, ки рӯйи онҳо тавофуқ шудааст поён ёбад. 

Йенс Столтенберг низ пас аз музокироти рӯзи сешанбе гуфт: “хушҳолам, ки эълом кунам мо акнун тавофуқе дорем, ки роҳро барои пайвастани Финланд ва Суис ба НАТО ҳамвор мекунад. Туркия, Финланд ва Суис тафоҳумеро имзо кардаанд, ки ба нигарониҳои Анқара аз ҷумла дар мавриди содироти таслиҳот ва мубориза бо терроризм посух медиҳад.” 

Тавофуқи рӯзи сешанбе пас аз се соати баҳс ва гуфтугӯ дар ҳошияи нишасти НАТО ҳосил шуд. 

Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё дар вокуниш ба тавофуқи ҳосилшуда эълом кард, ки пайвастани Суис ва Финланд ба НАТО “як хабари фавқулода” аст, ки ин эътилофро “қавитар ва амнтар” мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *