Рубрики Хабарҳо

Амрико ба кишварҳои ОМ $25 млн ваъда кард

Амрико барои коҳиши вобастагӣ аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кумак ваъда кард.

Дар ҷараёни вохӯрии вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар пойтахти Қазоқистон бо котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфта шуд, ки Амрико ба маблағи 25 млн доллар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кумак хоҳад кард.

Блинкен изҳор дошт, ки “Иёлоти Муттаҳида «истиқлол, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ»-и кишварҳои Осиёи Марказиро дастгирӣ мекунад ва ИМА ба кишварҳои шарики Русия хисорот бар асари таҳримҳоро ҷуброн хоҳад кард. Азбаски тамоми кишварҳои минтақа ба ин ё он ҷиҳат ба равобити тиҷоратӣ бо Русия вобастаанд, таҳримҳои зидди Русия ба иқтисоди ин кишварҳо низ зарба заданд. Дар ИМА онҳо инро мефаҳманд ва ваъда медиҳанд, ки оқибатҳои онро ҷуброн мекунанд”

Ба гуфти Блинкен, ширкатҳое, ки фаъолияташонро дар Русия коҳиш медиҳанд, имконоти нав пайдо мекунанд.

Қобили зикр аст, ки котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен шаби 28 феврал ба шаҳри Остона омад. Аз Қазоқистон ӯ ба Ӯзбекистон ва аз он ҷо ба Ҳиндустон — ба нишасти “Бистгонаи бузург” меравад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *