Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия зимни як баромадаш гуфт, Туркия қасд дорад таҷҳизоти электроники истеҳсоли Амрикоро таҳрим кунад.
Раисҷумҳури Туркия гуфт “беҳтар аз колоҳоеро, ки бо арз ворид мекунем, дар дохил кишвар тавлид ва содир хоҳем кард. Колоҳои электироники тавлид Амрикоро таҳрим хоҳем кард.
Туркия пас аз таҳримҳои ИМА ба мушкилоти иқтисодӣ муовҷеҳ шудааст. Қурби пули туркӣ — лира дар як моҳ 25 дарсади арзиши худро аз даст дод. Эрдуғон аз мардум даъват кард долларҳои худро бо лира иваз ва пули миллиро дастгирӣ кунанд.
Туркия танҳо кишваре нест, ки ба таҳримҳои ИМА мувоҷеҳ шудааст. Эрон ва Русия ҳам дар пайи таҳримҳои Амрико бо мушкилоти зиёде дасту панҷа нарм мекунанд. Қурби риёли Эрон дар як соли охир ду маротиба поён рафтааст.
Рубли русӣ ҳам пас аз эълони таҳримҳои нав дар як ҳафта 8 дарсади арзишашро аз даст дод.
Амрико ҳамчунин бо Чину Аврупо вориди ҷанги иқтисодӣ шудааст.