Ҳукумати Тоҷикистон аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хостааст, ки барои гирифтани қарзи давлатӣ дар ҳаҷми 1 миллиард сомонӣ (ҳудуди 100 миллион доллар) розигӣ диҳад.
Дар қарори дахлдори ҳукумат, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст, ба гирифтани қарз аз Бонки миллии Тоҷикистон бо меъёри имтиёзноки 2%-и солона ишора мешавад.
Дар ин ҳуҷҷат мушаххас гуфта намешавад, ки ҳукумат барои кадом эҳтиёҷот сарф кардани маблағҳои мегирифтаро ба нақша гирифтааст. Ҳамчунин, дар лоиҳаи қарори палатаи поёнӣ «Дар бораи додани розигӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани қарзи давлатӣ», ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст, чунин маълумот мавҷуд нест.
Ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 июли соли 2022 тибқи маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон 3,7 миллиард долларро ташкил дод, ки ба 42,8 дарсади ММД-и ҷумҳурӣ баробар аст.
Дар таркиби ҳаҷми умумии қарзи давлатии кишвар 12% қарзи дохилӣ ва 88% қарзи берунӣ мебошад. То 1 июли соли равон қарзи дохилӣ 500 миллион долларро (4,7 фоиз аз ММД) ташкил дод, дар ҳоле ки ҳаҷми умумии қарзи хориҷӣ 3,2 миллиард долларро (41,6 фоизи ММД) ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, агар палатаи поёнии парлумон ба пешниҳоди ҳукумат розӣ шавад, ҳаҷми қарзи дохилии кишвар 20 фоиз ва қарзи давлатӣ дар маҷмӯъ 2,7 фоиз зиёд мешавад.