Рубрики Хабарҳо

5+5+3+2. Шӯрои Паймони миллии Тоҷикистон таъсис ёфт

Дар ҷаласаи аввали муассисони Паймони Миллии Тоҷикистон, ки дар Варшава (пойтахти Лаҳистон) баргузор гардид, Шӯрои ПМТ таъсис дода шуд. Дар ин бора ПМТ дар изҳороти расмияш хабар дод.

“Аъзои ин Шӯро аз ҷумлаи номзадҳое, ки аз тарафи чаҳор гурӯҳи муассис пешниҳод шуда буданд интихоб гардиданд”, — омадааст дар изҳорот. Тибқи маълумоте, ки дастраси Паём шуд ин шӯро иборат аз 15 нафар буда, ба тартиби зер аз ҳизбу созмонҳо онҷо ҳузур ёфтаанд: 5 нафар аз Ҳизби наҳзати исломӣ, 5 нафар аз Анҷумани Озодандешон, 3 нафар аз Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушд ва 2 нафар аз Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна.

Ҳамчунин дар ин ҷаласа интихоби раҳбари Паймон баргузор гардид. Дар изҳорот омадааст: “Дар рафти ҷаласаи Шӯро, масъалаҳои созмонии Паймон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт ва барои раҳбарии Паймон номзадҳо пешбарӣ шуданд”.

Раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон баъди раъйгирии умумии аъзои Шӯро, бо раъйи аксарият Муҳиддин Кабирӣ интихоб гардидааст.

Асмои 15 узви Шӯро ҳанӯз нашр нашудааст, вале асмои 10 нафари онҳо ба Паём маълум гардид: аз ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, Абдусаттор Бобоев, Шоҳнаими Карим ва Шамсиддин Саидов, аз АОТ Темур Варқӣ, Алим Шерзамонов ва Сайидюнуси Истаравшанӣ, аз ИРТ Шарофиддин Гадоев ва аз АМОМ Илҳомҷон Ёқубов. Равшани Темуриён ҳам узви ин шӯро шудааст. 

Дар ҳамин ҳол Кабирӣ, Равшани Темуриён ва Шерзамонов на чун аъзои ҳизбу созмоне, балки чун шахсони алоҳида ба шӯрои ПМТ ворид шудаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *