Ба баҳонаи Ҳафтаи донишҷӯёни зиндонӣ
Ин ҳафта, ки оғози мубораки Рамазон низ ҳаст, аз сӯи дӯстон дар Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) барои 17 нафар аз донишҷӯёни тоҷике, ки дар марокизи илмии Ҷумҳурии Исломии Эрон машғул ба таҳсил ва дар Тоҷикистон ба ҷурмҳои бепоя муттаҳам ва зиндонӣ шудаанд ихтисос ёфтааст. Азизоне, ки мехоҳанд дар бораи ин зиндониёни сиёсӣ маълумот ҳосил кунанд, лутфан ба сойти “Зиндониён” руҷӯъ кунанд, ки дастандаркорони сойти мазкур ба тафсил роҷеъ ба ин донишҷӯён навиштаанд.
Ва аммо мавзӯе, ки барои баҳс дар ин ҳафта бо азизони хонанда интихоб кардам, марбут ба ин моҳ аст. Ду тавсияи дӯстона ба азизон дорам, ки дар ин моҳ чӣ гуна бошем ва чӣ кор кунем:
1) Холис бошем ва фақат барои Худо рӯза бигирем:
Нахустин тавсияи банда ба азизон ин аст, ки холис бошем ва фақат барои Худо рӯза бигирем, ҳамон тавре ки мӯъмин бояд дар ҳамаи ибодатҳо ва корҳояш холис бошад; онҳоро танҳо барои Худо ва ризои Худо анҷом бидиҳад. Ҳоло холис буданро бароятон тавзеҳ медиҳам:
Инсон тавре офарида шуда, ки дӯст дорад, ӯро таҳсин кунанд, таърифу тамҷидаш кунанд, пеши дигарон мавриди алоқа бошад ва на танҳо шахсияти ӯ, ки ҳатто корҳояш мавриди таҳсину офарини дигарон қарор бигирад ва хулоса, мавриди таваҷҷӯҳ бошад. Инсон чунон сиришта шуда. Агар ӯро таъриф кунанд, офаринаш хонанд ва мавриди таваҷҷӯҳ бошад, як навъ хушҳолӣ ба ӯ даст медиҳад ва лаззат мебарад.
Ин ки мо, инсонҳо аз мавриди таваҷҷӯҳ будан лаззат мебарем, табиӣ аст, Худо моро чунон офарида ва беҳикмат нест, аммо дар ин ки мавриди таваҷҷӯҳи чӣ касе ва аз чӣ чизе лаззат бибарем, иштибоҳ мекунем.
Ин дуруст мисли он ҷост, ки инсон аз расидан ба камол лаззат мебарад, вале дар ташхиси камол ва ин ки чӣ чизе камол аст, иштибоҳ мекунад. Масалан, ӯ аз ин гумон, ки агар милёрдер ва сарвати зиёд дошта бошад, лаззат мебарад. Зеро, гумон мекунад, милёрдер будан камол аст, ки вақте ба он расид, ба ӯ лаззат даст медиҳад. Албатта, милёрдер будан яъне қудратманд будан. Инсон дар воқеъ аз қудрат лаззат мебарад, на аз сирфи милёрдер будан. Тоза, инсон аз қудрати мутлақ ва бепоён лаззат мебарад, на аз қудрати маҳдуд. Ӯ чунин офарида шуда. Агар тамоми кураи замин дар ихтиёри ӯ қарор бигирад, ӯ мехоҳад, кураи моҳро низ тасхир кунад. Гумон мекунад, саодати ӯ дар ин аст, ки онҷо ҳам дар ихтиёри ӯ бошад. Ва бар фарз агар онҷоро ҳам тасхир кунад, ба фикри тасхири дигар кураҳо, масалан Миррих мешавад.
Ва ин ҳама дар ҳоле аст, ки қудрати мутлақ ин Худост. Дар воқеъ, инсон Худоро мехоҳад. Ӯ чунон офарида шуда, ки бо вусул ва расидан ба Худо, оромиш барояш даст медиҳад:
أَلَا بِذِكْرِ اللَّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ
“Огоҳ бош, ки фақат ба ёди Худо дилҳо оромиш меёбад!” (Сураи Раъд, ояти 28)
Дар инҷо низ масъала аз ҳамин қарор аст. Лаззати ҳақиқӣ ва саодати воқеъии мо замоне таҳаққуқ меёбад, ки мавриди таваҷҷӯҳи Худо бошем, мавриди таҳсин ва офарини ӯ қарор бигирем. Ӯ аз мо хушнуд бошад, на одамҳое мисли худамон, ки фонӣ ҳастанд. Лаззат бурдан ва таҳсину офарини одамҳо ва мавриди таваҷҷӯҳашон будан, дар воқеъ як навъ худфиребӣ ва гӯл задани худ аст.
Холис будан барои Худо ва фақат барои ӯ амал кардан ба ин маъност, ки дар ҳар кор ва ҳаракоту саканотамон, ӯ мавриди назарамон бошад. Рӯза, ки мегирем, барои ин бигирем, ки ӯ дастурамон додааст, ӯ хушнуд мешавад ва ба ӯ наздик мешавем.
Хуб, чӣ гуна ба ӯ наздик мешавем? Посух ин аст, ки вақте дар мо тақво ва парҳезгорӣ ҳосил шавад:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِن قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ
“Эй касоне, ки имон овардаед! Рӯза бар шумо муқаррар шудааст, ҳамон гуна ки бар касоне, ки пеш аз шумо (буданд) муқаррар шуда буд. Бошад, ки парҳезгор шавед!” (Сураи Бақара, ояти 183)
2) Каммиятгаро набошем, кайфиятҷӯ бошем:
Дар моҳи мубораки Рамазон, илова бар рӯза гирифтан, ба қироати Қуръони Карим ва дуо кардан низ бисёр тавсия шудааст. Дар ҳусули тақво барои мӯъмин, қироати Қуръон ва дуо нақши асосӣ доранд.
Албатта, дар мавриди қироати Қуръон таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки ҳадаф, ҳар чи бештар хондан – масалан 30 пора, ва он ҳам чанд бор – нест, балки ҳадаф тадаббур ва тафаккури бештар дар оятҳои қуръонӣ аст:
كِتَابٌ أَنْزَلْنَاهُ إِلَيْكَ مُبَارَكٌ لِيَدَّبَّرُوا آيَاتِهِ وَلِيَتَذَكَّرَ أُولُو الْأَلْبَابِ
“(Қуръон) китобе пурбаракат аст, ки ба ту нозил кардем, то (уммат) дар оятҳояш тафаккур ва тадаббур кунанд ва хирадмандон мутазаккир шаванд.” (Сураи Сод, ояти 29)
Хулоса, каммиятгаро набошем, кайфиятҷӯ бошем. Дунболи хатми Қуръон набошем, балки дар пайи ҳазми онҳо бошем. Одам агар ғизои андакро хуб биҷавад, ҷузъи ҷони ӯ мегардад. Ба хилофи он ҷо, ки зиёд ғизо бихӯрад ва ҳазм нашавад.
Бинобар ин, агар Қуръони Карим мехонем, ҳадафи мо бояд тафаккур ва тадаббури зиёд дар оятҳои қуръонӣ ва ҳазми онҳо ва амал ба онҳо бошад, на ин ки агар ҳар чи зиёдтар сура қироат кунем, бештар савоб бурдаем.
Ҳоло ба унвони мисол арз мекунам. Масалан, агар сураи “Моъун” (Араайталлазӣ юказзибу биддин…)-ро мехонем, дар оятҳояш жарф диққат ва тадаббур кунем. Бибинем, Худо чӣ мегӯяд ва чӣ чизе аз мо мехоҳад:
بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ
“Ба номи Худованди раҳматгари меҳрубон.”
أَرَأَيْتَ الَّذِي يُكَذِّبُ بِالدِّينِ
“Оё дидӣ он касро, ки рӯзи қиёматро инкор мекунад?”
فَذَلِكَ الَّذِي يَدُعُّ الْيَتِيمَ. وَلَا يَحُضُّ عَلَى طَعَامِ الْمِسْكِينِ
“Ин ҳамон шахсе аст, ки ятимро (аз дари худ) ба қаҳр меронад ва (касеро) бар таъом додан ба мискин тарғиб намекунад.”
Аз инҷо шурӯъ мекунад ба зикри чанд сифати инсони мункири қиёмат; сифатҳое, ки мӯъмин бояд худро аз онҳо дур нигаҳ дорад. Аввалини он, адами таваҷҷӯҳ ба ятимҳо ва дуввумаш адами расидагӣ ба сер кардани шиками мискинҳост. Агар як ятим ё як мискин, ки чизе надорад ва шикамаш гурусна аст, ба дари хонаи шумо ояд ва чизе аз шумо дархост кунад, ӯро наронед, ҳарчанд чизе барои додан надошта бошед. Агар доред, пас чизе ба ӯ бидиҳед ва агар надоред, лоақал ба ӯ сухани хуб бигӯед ва бо ӯ муомилаи нек кунед.
Дар ин ду оят, расидагӣ ба ятимҳо ва мискинҳо ва сер кардани шиками онҳо ва таъмини мояҳтоҷашон ба унвони нишонаи боризи як одами мӯъмин ба Худо ва рӯзи қиёмат зикр шудааст.
فَوَيْلٌ لِلْمُصَلِّينَ. الَّذِينَ هُمْ عَنْ صَلَاتِهِمْ سَاهُونَ
“Вой бар он намозгузорон, ки аз намозашон ғофиланд!”
Дар ин ки мурод аз “вайл” (вой) чист, суханони зиёде гуфта шуда, ки яке аз онҳо ин аст, ки “вайл” ҷойгоҳе аст дар дӯзах. Дар инҷо намегӯяд, вой бар касоне, ки намоз намехонанд! Зеро онҳое, ки намоз намехонанд, қатъан вой бар онҳост! Балки мегӯяд, вой бар касоне, ки бо ин ки намоз мехонанд, вале ҳушу ёдашон дар вақти намоз дар ҷойи дигар аст, ҳавоссашон дар ҳангоми намоз ба Худо нест. Тараф дар намоз истода, вале фикраш ба чизҳои дигар машғул аст.
Мӯъмин ҳангоми намоз таваҷҷӯҳаш бояд ба Худо бошад. Бидонад, ки дар баробари чӣ касе истода ва бо чӣ касе сухан мегӯяд. Шумо агар пеши раис ё мудиратон қарор дошта бошед, ҳавоссатон ҷамъ аст, саъй мекунед, сухан ва ё ҳаракати беҷое аз шумо содир нашавад. Дар ҳангоми намоз шумо дар баробари офаридгор, ки буду набуди шумо дар дастони ӯст истодаед, пас ҳавоссатон ҷамъ бошад.
الَّذِينَ هُمْ يُرَاءُونَ
“Ҳамонон, ки (агар тоъате кунанд), риё ва худнамоӣ мекунанд.”
Инҷо сифати касеро, ки фикру ёдаш дар намоз ба ҷойи дигар аст ёдовар мешавад. Мегӯяд, якчунин инсоне – ки дар намоз фикраш ба ҷойи дигар аст – одами риёкор аст. Ӯ агар намоз мехонад, барои ин намоз барпо дошта, ки то дигарон бибинанд ва бигӯянд, ӯ намозхон аст!
وَيَمْنَعُونَ الْمَاعُونَ
“Ва закот ва эҳсонро (аз фақирон ва ҳар хайри кучакро ҳатто қарзро ҳам аз мӯҳтоҷон) манъ мекунанд.”
Инҷо яке дигар аз сифатҳои ғофил аз намоз ва риёкорро бармешумурад: маъни одамҳо аз некӣ кардан ба мӯҳтоҷон. Яъне, на танҳо худаш аҳли некӣ кардан ба ниёзмандон нест, балки дигаронро ҳам аз некӣ кардан бозмедорад.
Хулоса, аз мӯъмин хоста шуда, беш аз ин ки тӯтивор Қуръон хонад, дар оятҳои қуръонӣ тафаккуру тадаббур кунад, бибинад, Худо чӣ мегӯяд ва чӣ мехоҳад.