Рубрики Хабарҳо

Фурӯши доруи “бейҷики зидди каронавирус” дар Хуҷанд

Дар бозор ва дорухонаҳои шаҳри Хуҷанд маводе ба фурӯш бароварда шудааст, ки  мардум ба унвони “бейҷики зидди каронавирус” аз он хариддорӣ кардаанд. Аммо масъулони идораҳои тандурустӣ аз ворид шудани ин мавод хабар надоранд

Virus shut out, ё “гарданбанди каронавирус” чанд рӯз аст, ки дар фурӯшгоҳҳои Хуҷанд ба моли аз ҳама пурхариддор табдил шудааст. Сокинон ба таблиғи он бовар карда, мегуянд, ки бо харидани ин мавод худро аз каронавирус ҳимоя мекунанд, аммо то куҷо ин имкон дорад, онҳо ҳанӯз маълумот надоранд.

Зимнан ба фарқ аз моск ё ниқобҳои муҳифизатӣ бо қиммати 10-12 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Фурӯшандаҳо дар бораи аз куҷо ворид шудани он изҳори бехабарӣ намуда, ба бозоргир будани он таъкид мекунанд.

Фурӯшандаи Virus shut out дар бозори “Панҷшанбе” ин молро истеҳсоли кишвари Ҷопон маънидод карда, вале дар бораи кай ва чигуна ба базори Хуҷанд роҳ ёфтани он изҳори бехабарӣ кардааст.

Бо гузашти як ҳафта дар бораи чи гуна ворид шудани ин маводи ба истилоҳ тиббӣ мақомоти Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд ҳанӯз расман чизе шарҳ надодааст. Ва маълум нест, ки ин мол чи гуна ва аз ҷониби кадом гурӯҳи судҷуй ворид карда шудааст.

Раҳмон Муҳаммадиев, сардори шуъбаи санитарии Маркази назорати эпидемологии Хуҷанд гуфт, ҳоло чизе, ки барои сокинон дар бораи пешгирӣ аз сирояти COVID-19 тавсия мешавад, бастани ниқоб ва шустани дастон бо собун ва маҳлули антисептикӣ мебошад. Ӯ истифодаи ҳар навъ маводи тиббиро дар ҳоли ҳозир дур аз воқеият маънидод кард ва гуфт, ки сокинон дар ин бора худ қазоват кунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *