Рубрики Хабарҳо

Абӯсаиди Худрӣ

Яке аз машҳуртарин ёрони пайғамбар Муҳаммад (дуруди Ҳақ нисорашон бодо) Абӯсаиди Худрӣ тақрибан 10 сол пеш аз ҳиҷрат  дар оилаи мусалмонони Мадина таваллуд шудааст. Яъне тақрибан 10 сол қабл аз сафар кардани паёмбар Муҳаммад (дуруд бар равонашон) ба Мадина, дар оилаи мусалмонони Мадина таваллуд шудааст. Номи пурраи авлодиаш бо якчанд пушти падарӣ Абу Саид Саъд ибни Молик ибни Синон аль-Худри аль-Ансорӣ  ал -Хазраҷӣ — Саъд. Падари ӯ Малик ибни Синон яке аз аввалинҳо шуда дар Мадина дини исломро қабул кард. Вай дар  қабилаи Наҷар (ин яке аз шохаҳои қабилаи Хазраҷ аст) ба дунё омадааст. Номи модараш  Аниса бинти Абуҳарис буд. Ин зани оқила аз авлоди Бану Наҷар аз қабилаи Хоз аст. Бобобузургаш Худр бо номи Ал Абҷар низ маъруф буд. Абӯсаид шариати исломро хуб медонист, яке аз ровиёни бемисли ҳадисҳо буд, ки санъати бозгӯии хоси худро дошт. Аз  ривояти  ӯ тақрибан 2000 ҳадис маълум аст. 

Дар вақти  ҷанги Уҳуд, ки дар он падараш вафот кардааст,  ҳамагӣ 13 сол дошт. Сипас ӯ дар ҷангҳои Хайбар, Ҳунайн, маърака алайҳи Табук ширкат варзид, дар забти Макка ширкат варзид. Пас аз вафоти Паёмбар Муҳаммад (дуруд бар равонашон), дар аҳди халифаҳо Умар ва Усмон, ӯ дар соҳаи ҳуқуқи мусулмонон ба таҳқиқот машғул буд ва фатвоҳо ба нашр мерасонд. Таҳти халифа Алӣ Абӯсаид дар паҳлӯи ӯ бар зидди Хориҷиён мубориза мебурд .

Абу Саъид, Аллоҳ аз ӯ розӣ бошад,  дар маъракаҳои ҳарбӣ бо Паёмбар ﷺ дар 12 ҷанг ҳузур дошт: якум ҷанги Хандак буд, ки пеш аз он ӯ ҳанӯз хурд буд. Вай аз паёмбари киром дуруди Ҳақ бар равонашон, миқдори зиёди аҳодисро бар олимон  ва ансорони мӯҳтарам додааст. Ӯ дар соли 74 ҳиҷрӣ вафот кард ва дар қабристони Боқӣ  дар Мадина дафн карда шуд, Аллоҳ аз ӯ розӣ бошад! 

Аз суханони Абусаиди Худрӣ (р) ривоят аст, ки (боре) Паёмбар дуруд бар равонаш  аз асҳобаш пурсид: «Оё касе аз шумо метавонад дар як шаб сеяки Қуръонро бихонад?» Ба назари онҳо душвор менамуд ва онҳо ба гуфтан оғоз карданд: «Кадоме аз мо ба чунин кор қодир аст, эй Расули Худо?» Сипас паёмбар (дуруд бар равонашон) гуфтанд: «Худо яктост ва ҷовид аст — ин саввуми Қуръон аст!» ал-Бухорӣ, 1729 (5015).

Ин ба сураи «Ихлос» / ал-Ихлос / дахл дорад. Олимон қайд мекунанд, ки аз ҷиҳати тематикӣ Қуръонро ба се қисм ҷудо кардан мумкин аст: сураҳое, ки дар бораи фармон ва манъкуниҳо сухан меронанд; сураҳое, ки дорои ҳикояҳо ва масалҳо мебошанд; ва сураҳое, ки дар бораи тавҳид сухан меронанд. Сураи «Ихлос» -ро саввуми Қуръон меноманд, зеро он беҳтарин моҳияти тавҳидро ифода мекунад.

Аз  Абу Саиди Худрӣ разиялЛоҳу анҳу ривоят аст ки: Паёмбари Худо (саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам) фармуданд:

Аз бадтарини мардум назди Аллоҳ марде аст, ки бо зани худ ҳамбистар мешавад, сипас рози вайро фош мекунад .

Аз  Абу Саиди Худрӣ  разиялЛоҳу анҳу ривоят аст , ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам)  фармуданд:

— Ҳангоме ки нидои азонро шунидед , пас шумо ҳам мисли гуфтаҳои муаззин  бигӯед.

( Саҳеҳ Бухорӣ 611 Саҳеҳ Муслим № 338)

Муслим, аз Абу Саиди Худрӣ разияллоҳу анҳу нақл кардааст, ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи вассалам фармуданд:

«Ҳангоме ки яке аз шумо дар намозаш шак кард ва надонист, ки чи қадар намоз хондааст 3 ракат ё 4 ракат, бояд шакро канор гузошта ва биноро бар ончи ба яқин наздиктар аст бигзорад, сипас пеш аз он ки саломи намоз бидиҳад, 2 саҷда анҷом диҳад, пас агар 5 ракат хонда буд, ин ду саҷда намозашро шафоат мекунанд ва агар 4 ракат хонда бошад, ин ду саҷда хоркунандаи шайтон аст.

Абӯсаиди Худрӣ (р) аз Расули Худо (с) ривоят карда аст, ки гуфтанд: «Маҳбубтарини мардум дар рӯзи қиёмат ва наздиктарин онҳо аз нигоҳи маҷлис (мақому мартаба) назди Аллоҳ таоло имом (пешво)-и боадолат ва бадтарин мардум рӯзи қиёмат ва дуртарини онҳо аз нигоҳи маҷлис (мақому мартаба) аз Аллоҳ таоло имом (пешво)-и золим аст.» Ривояти Тирмизӣ

………………………………………………………

Абӯсаиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) мефармояд: Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд:

Касе, ки як рӯз дар роҳи Аллоҳи мутаъол рӯза бигирад, Худованд ӯро ба андозаи ҳафтод сол аз оташи ҷаҳаннам дур месозад.

(Саҳеҳи Бухорӣ, 2840), (Саҳеҳи Муслим, 1153).

Абусаъиди худри разияллоҳу ъанҳу мегӯяд!

Набӣи Акрам саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам гуфт!

Аллоҳи мутаъол мефармояд!

Эй одам!

Одам дар ҷавоб мегӯяд!

Омода ва гӯш ба фармони туам ва хайр фақат дар дасти туст.

Аллоҳ ба ӯ хитоб карда мегӯяд!

Дузахиёнро ҷудо кун!

Одам мегӯяд!

Дузахиён чӣ қадар ҳастанд?

Аллоҳ мефармояд!

Аз ҳар ҳазор нафар нуҳсаду наваду нӯҳ нафар.

Бо шунидани ин сухан, кӯдак пир мешавад, (ва ҳаммай занони хомила хамлашонро меандозанд, ва мардумонро маст мебини, вале маст нестанд, балки Ъазоби Аллоҳ шадид аст.)

Сахобагон пурсиданд!

Он як нафар аз миёни мо чӣ касе аст?

Расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам гуфт!

Хушхол бошед. Зеро як нафар аз шумо ва ҳазор нафар аз яъҷуҷ ва маъҷуҷ ба дӯзах меравад.(яъне — аз уммати расулулоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам аз хисоби ҳазор, як нафарашон ба дӯзах меравад ва боқӣ — 999-нафарашон дохилӣ ҷаннат хоҳанд шуд!

Аммо аз ъадади яъҷуҷ ва маъҷуҷ аз хисоби ҳазор як нафарашон ҷаннат меравад ва боқии — 999- нафарашон дохилӣ дӯзах мешавад.)

Сипас афзуд! Ва гуфт!

Савганд ба зоте, ки ҷонам дар дасти ӯст, умед дорам, ки аз чаҳор хисай биҳиштиён як хисааш шумо бошед. Мо такбир гуфтем.

Сипас гуфт!

Умед дорам, ки аз се хисай биҳиштиён як хисааш шумо бошед. Мо такбир гуфтем.

Сипас гуфт!

Умед дорам, ки нисфи аҳли биҳишт шумо бошед.

Боз ҳам мо такбир гуфтем.

Баъд азон гуфт!

Шумо дар миёни мардум монанди мӯй сиёҳе ҳастед, ки бар пӯсти гови сафеде бошад, ва ё монанди мӯй сафеде ҳастед, ки бар пӯсти гови сиёҳ бошад.(Бухори 3348).

Соима Саидӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *