Темур Варқӣ, рӯзноманигор ва фаъоли сиёсӣ дар табъид аз таъсиси телевизиони мустақил хабар дод, ки дар рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон, яъне 9 сентябр ба кор шурӯъ мекунад. Ин шабака Т+ ном дошта бо ду забон — тоҷикӣ ва русӣ барномаҳо пахш хоҳад кард.
Дар эълон гуфта мешавад таъсиси телевизион ба 29-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон иттифоқ афтодааст. .
Гуфта мешавад телевизион барномаҳоеро, ки алъон расонаҳои мустақил ба афроди алоҳида сабту пахш мекунанд, ба моҳвора мебарорад.
“Т+ шабакаи телевизионие аст, ки бештар барномаҳои хабарӣ, таҳлилӣ ва фарҳангиеро, ки тавассути расонаҳо ва афроди мустақил иҷро мешаванд ба намоиш хоҳад гузошт. Ба илова, бозпахши гузоришҳои хабарӣ ва таҳлилии бархе расонаҳои матраҳ дар Тоҷикистон низ, ҷузъи барномаҳои шабакаи Т+ мебошад. Барномаҳои ин шабака ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мебошанд” — омадааст дар иттилоъия. .
Ҳадаф аз таъсис ва роҳандозии ин шабакаи телевизионӣ “пур кардани холигие аст, ки дар фазои расонаӣ ба вуҷуд омада” гуфта шудааст.
Муаллиф гуфтааст “мутаассифона дар кишвари мо садо ва симо дар инҳисори ҳукумат аст ва мардум аз огоҳ гардидан бо дидгоҳҳо ва андешаҳои дигар маҳрум мебошанд”.
Нишонии телевизини тозатаъсиси Т+ моҳвора:
Моҳвора (Satellite): Eutelsat 7B
Мавқеият (Position): 7.0°E
Фреканс (Frequency): 11262
Суръати нишонӣ (Symbol rate): 27500
Поляризатсия (Polarization): H
FEC: 5/6