Бар асари таркиши балони оксиген (кислород) дар бозори «Панҷшанбе»-и Хуҷанд чандин нафар ҷароҳат бардоштаанд. Феълан захмиён дар бемористон қарор доранд
Балони оксигендор, ки ба дастгоҳи нигоҳдорандаи оби ташнашикан васл шуда буд, кафида пора шудааст.
Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса бар асари таркиши балони оксиген, чор нафар аз сокинон, ки дар атрофи бозор қарор доштанд ба ҳисоби худи фурӯшанда, аз ноҳияи пой ва дигар аъзои бадан ҷароҳат бардоштаанд».
Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, садои таркиши балони оксиген ба дараҷае баланд будааст, ки аз шунидани он бисёриҳо дар изтироб мондаанд.
Баъзеҳо таркиши балони оксигендорро ба сабаби аз меъёр пур кардани оксиген медонанд, бархеи дигар мегӯянд, гармои тоқатфарсо сабаби рух додани таркиш шудааст.
Зимнан мақомоти тафтишотӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, иллати рухдоди ин ҳодисаи нохушро таҳқиқ мекунанд.