Гулчеҳра Шодмонова, модари Ҳусейн Абдусаломов, ки таҳдид карда буд худашро назди бинои намояндагии САҲА оташ хоҳад зад, ба сараш бензин рехт то худашро оташ занад, вале кормандони пулис ӯро боз доштанд.
Ин саҳна дар як наворе, ки сомонаи “Ахбор” онро нашр кардааст, дида мешавад.
Албатта худкушуии як зан фоҷеъа аст, вале ба назар мерасад ин кор саҳнабозие беш нест, ки аз тарафи худи мақомот ташкил шудааст. Чун қабл аз даст ба “худкушӣ” задан, Шодмонова як мусоҳибаи муфассал ба кадом наворбардоре медиҳад, ки онҷо пайдо шудааст ва аз ӯ мусоҳиба мегирад.
Маъмулан онҳое, ки даст ба худкушӣ мезананд, қабл аз он дучори изтироби шадид мешаванд, ки дар Шодмонова аслан мушоҳида намешавад. Ӯ шеър мехонад ва аз раисҷусҳур Эмомалӣ Раҳмон ситоиш мекунад.
Ҳамчунин ӯ мегӯяд “то зинда ҳастам, то ҷон дар бадан дорам, бо Кабирӣ мубориза мебарам”. Вале чанд дақиқа пас меравад то худашро “оташ занад”.
Дар ин навор гурӯҳи тазоҳуркунандагон низ нишон дода мешаванд, ки дар даст чӯбдаст доранд ва онро ба замин мекӯбанд. Гирифтани чӯбдаст ва заданион ба замин ба чӣ маънист маълум нест.
Аксари ин “ҷавонони фаъол” рӯйҳои худро бо кепкаву айнак ё шиор пӯшонидаанд.