Бо ибтикори гурӯҳи “Авангард”, ки таҳти сарпарастии Вазорати корҳои дохила қарор дорад, дар назди бинои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе “гирдиҳамои”-и эътирозӣ баргузор гардид.
Тазоҳуркунандагон плакатҳое бо навиштаҷоти “Нест бод терроризм”, “Нест бод ҲНИ” ва “Баста шудани дафтари САҲА дар Душанберо талаб мекунем” дар даст доштанд ва бо ҳамин мазмун шиор ҳам медоданд.
Аз дафтари САҲА касе назди гирдиҳамомадагон берун нашуд ва чанде пас пулис онҳоро “пароканда” кард.
Дар аснои пароканда кардани ҷамъомадагон Гулчеҳра Шодмонова, модари Ҳусейн Абдусаломов, ки ба иттиҳоми ҳамла ба сайёҳон дар Данғара боздошт шудааст, ба сараш моеъе рехта, эълон кард, ки худашро оташ мезанад. Вале пулис ӯро “боздошт” кард.
Қаблан ин зан эълон карда буд, дар сурати роҳ ёфтани Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ба нишасти САҲА худро оташ хоҳад зад. Манбаъи Паём ҳам иттилоъ дода буд, гурӯҳи бузурге аз ҷавонон барои тазоҳурот дар назди идораи САҲА омода мешаванд.
Вале ба назар мерасад мақомот мехоҳанд ба САҲА паём диҳанд, ки дар сурати роҳ ёфтани мухолифин ба нишасти ин созмон, намоиши бузургтаре баргузор хоҳад шуд.
Гурӯҳи “ҷавонони фаъол” ва занон дар соли саввум аст назди сафорати Эрон ва САҲП алайҳи мухолифин тазоҳурот баргузор мекунанд. Дар Тоҷикистон ҳаргуна ҷамъшавии шаҳрвандон бо шиддат таъқиб мешавад, аммо то ҳол касе аз ин ҷавонони тазоҳургар ҷазо надидааст.
Албатта пулис ба он ин тазоҳурот “ҳуҷум” ва чанд нафарро боздошт мекунад, басе чанд дақиқа пас онҳо “баъди гузаронидани сӯҳбат” озод мешаванд. Таҳдиди худкушӣ аз тарафи занон ҳам юори аввал нест. Ду сол қабл яке аз занони “фаъол” назди бинои САҲА худро зери чархи мошин “партофта” буд.