Рубрики Хабарҳо

СҶБ: мисли солҳои қабл рӯза бигиред

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ эълон кард, ҳеч гуна санади илмӣ мабнӣ бар ин ки рӯза гирифтан дар мубтало шудан ба коронавирус таъсир мегузоштааст, вуҷуд надорад.

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ бо наздик шудани моҳи мубораки Рамазон, тавсияҳоеро ба далели ҳамзамон шудани ин моҳ бо бӯҳрони коронавирус дар саросари ҷаҳон эълом кардааст.

Ба гузориши сойти Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, дар бисёре аз кишварҳое, ки бо бӯҳрони вируси куруно даргир ҳастанд, пешгириҳое аз ҷумла риояти фосилагузории иҷтимоӣ дар назар гирифта шудаааст то аз паҳншавӣ ва густариши ҳар чӣ бештари ин вирус пешгирӣ шавад.

Ба гуфтаи Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, афроде, ки аз лиҳози ҷисмӣ солим ҳастанд, дар ин моҳи Рамазон ҳамонанди солҳои гузашта метавонанд рӯза бигиранд, аммо афроде, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, барои рӯза нагирифтан бояд бо пизишки худ машварат кунанд, ҳамон тавр ки ҳар бемори дигаре ин корро анҷом медиҳад.

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ мегӯяд, дар моҳи мубораки Рамазон режими ғизоии солим аз аҳаммияти бисёр болое бархӯрдор аст.

Тавсия мешавад, афрод дар ин моҳ ғизоҳои тоза ва ҳамчунин оби зиёд масраф кунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *