Рубрики Хабарҳо

Кинофестивали Корея дар Тоҷикистон

Аз  14 то 16-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе фестивали филмҳои Корея идома меёбад.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанг, тайи се рӯзи оянда намоиши панҷ филми Корея дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Пеш аз ин чор филми Корея дар рӯзҳои 11 ва 12-уми моҳи ҷорӣ дар «Кохи Наврӯз»-и пойтахт ба намоиш гузошта шуда буд.
Фестивали филмҳои Корея солҳои 2013 ва 2015 низ дар шаҳри Душанбе гузаронида шуда буд. Ин фестивал тавассути сафорати Корея дар Тоҷикистон баргузор мегардад.

Қобили зикр аст, ки филмҳои Кореягӣ барои сохтани шахсияти инсонҳои муваффақ нақши муҳимме доранд. Филмсозони ин кишвар вижагиҳои инсони муваффақро ба таври хеле зебо ва равшан дар филмҳояшон ба тасвир кашидаанд. Баъзе аз муҳаққиқон нақши филмҳоро ҳам дар пешрафти Корея муассир медонанд.

Барои мисол силсилафилми “Тоҷири Пусон” ва “Афсонаи Ҷумунг”, ки бо забони форсӣ тарҷума шудаанд хеле муассир ва омӯзанда ҳастанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *