Маълум гардид, бандаи Илҳом – командир ва бандаи Соҳибовҳо, ки шаби 17 ноябр дар Леваканд задухурд аз паи баҳси молӣ доштанд, бо суистифода аз ин ки бо раисҷумҳури Тоҷикистон пайвандию хешу таборӣ доранд ва дар Фронти халқӣ бо ҳам хуни мардум рехтаанд, даҳҳо тиҷоратҳои сердаромадро пиёда карда, аммо ширкатҳои тиҷориашон саривақт андоз намесупоридааст.
Нозироти андози шаҳри Бохтар рӯйхати ширкату корхонаҳои давлатиеро тартиб додааст, ки қарзи калон доранду онро саривақт пардохт намекунанд ва ин руйхатро “андозҳои мушкилситон” номгузорӣ кардааст. Дар ин рӯйхат 17 ширкату корхонаҳои давлатие, ки андозҳои худро сари вақт пардохт накардаанд, зикр шудаанд.
Ҷамияти дорои масъули маҳдуди “Бозори Ҳоҷӣ Шариф”, ки мутааллиқ ба Соҳибовҳо дорад ва ширкати “ТАМЕР ИНБ”-и Илҳом- командир аз андоз қарзи калон дошта, онро саривақт пардохт намекардаанд ва аз ин хотир ба руйхати “андозҳои мушкилситон” ворид шудаанд.
Тавре Нозироти андози шаҳри Бохтар ба Азия плюс хабар додааст, Ҷамияти дорои масъулияти маҳдуди “Бозори Ҳоҷӣ Шариф” 1 миллиону 892,9 ҳазор сомонӣ ва “ТАМЕР ИНБ” 1 миллиону 256,7 ҳазор сомонӣ аз андоз қарздор будаанд.
Бино ба манбаъи ин гузориш дар маҷмуъ 17 ширкату корхонаҳо дар шаҳри Бохтар ба миқдори 17 миллиону 400 ҳазор сомонӣ аз нозироти андоз қарздор будаанд ва нисбаташон мавод тартиб дода шуда, ба прокуратураи шаҳр фиристода шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳукумати ҷумҳурӣ аз норасоии будҷа ҳамвора менолад ва ба хотири пур кардани будҷа бо ҳар баҳона соҳибкорони хурду миёнаро ҷарима мекунад ва ҳатто талаб мекунад, ки андозро пешакӣ супоранд. аммо аз ин наҳангони атрофи раисҷумҳур, ки калонтарин тиҷоратҳои кишвар дар дасти онҳост, наметавонад андоз ситонад.
Ёдовар мешавем, ки шоми 17-уми ноябр дар назди хонаи тоҷири маъруф ва собиқ командири Фронти халқӣ Илҳом-Командир дар Леваканд байни одамони ӯ ва гурӯҳе аз нафарони марбут ба молики бозори “Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Бохтар тирпарронӣ сурат гирифт.
Бозори “Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Бохтар ба оилаи Соҳибовҳо тааллуқ дорад, ки ду нафар аз ин оила, Зоир ва Шамсулло Соҳибовҳо ҳамсарони духтарони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.