Дар соли 2022 иқтисодиТоҷикистон 2,4 млрд доллари ИМА сармояи хориҷӣ дарёфт кардааст, ки асосан ба ба бахши истихроҷи маъданҳо равона гарддидааст. Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода мегӯяд, 429, 2 млн долларро сармояи мустақим ва ҳудуди 2 млрд долларро сармояҳои дигар ташкил додаанд.
Ба гуфтаи Қодирҳода ҳаҷми сармояи ҷалбшуда дар соли 2022 нисбати соли қабл афзоиш ёфтааст, вале ӯ дар бораи ҳаҷми афзоиш омори мушаххасе ироа накард.
Қодирзода гуфт “аз рӯи тақсимоти соҳавӣ, сармояи мустақим ба соҳаҳои истихроҷи маъдан 85 фоиз, истеҳсолу коркард 13 фоиз, сохтмон ва дигар соҳаҳо 1,7 фоиз равона шудааст”.
Тоҷикистон асосан рӯи истихроҷи маъданҳо такя мекунад ва бахши асосии содироташ ба хориҷро низ маъданҳои коркарднашуда ташкил медиҳанд.
Раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар нишасти матбуотиаш гуфт, сармоягузорони асосии Тоҷикистон дар соли гузашта Чин, Туркия ва Русия буданд.
Соли гузашта Чин ба соҳаҳои истихроҷи маъдан, омодасозии нахи бофандагӣ, истихроҷи сангҳои қимматбаҳо, интиқол ва тақсими қувваи барқ ва сохтмони Тоҷикистон 256, 8 млн доллари ИМА сармоя ворид кардааст, ки аз ин 191,8 млн доллари ИМА сармояи мустақим ва 64,9 млн сомонӣ дигар намуди сармояҳо мебошад.
Ба иттилои ӯ, дар нуҳ моҳи соли гузашта Русия ба Тоҷикистон 26,4 млн доллари ИМА сармоя ворид кардааст.
Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи Барномаи қарзҳои давлатии хориҷӣ ният дорад, ки дар се соли наздик баҳри татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми 1 млрд 160 млн доллар қарзи хориҷӣ дастрас кунад.
Аз ҷумла, соли 2021 ҷалби 452,9 млн, соли 2022 — 459,7 млн ва соли 2023 — 246,8 млн доллар ба нақша гирифта шудааст.
Дастрасии ин маблағҳо асосан аз ҳисоби Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Бонки исломии рушд ва Бонки ҷаҳонӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ аз ҷониби Бонки осиёии рушд, Фонди Саудии рушд, Фонди Кувайтии рушд, Бонки содиротиву воридотии Чин (Эксимбонк), Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки авруосиёии рушд ва дигар мададрасонон маблағгузорӣ мешаванд.