Раҳбари Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон на танҳо тамоми ҷиноятҳои болшевикони сурхро такрор мекунад балки пояшро фаротар аз он гузоштааст.
Дар гуфтагии мустақимаш бо мардум раҳмбари ПМТ гуфт болшевикон тамоми осори таърихии моро хароб карданду ҷои он чизи наве сохтанд ва каме дертар даъво карданд, ки то омадани мо шумо чизе надоштед, ин бинову мактабу театру ҳарчӣ ҳаст моли мост ва мо онро бунёд кардаем.
“Аммо ҳукумати имрӯза пояшро фарохтар гузошт ва ба вайрон кардани ҳатто ҳамон осори болшевизм, ки худаш бархоста аз он аст, насли ҳамон калтакдорони сурх аст, шурӯъ намуд. Агар болшевикон осори қабл аз худашонро хароб карданду моро муттаҳам ба надоштани ҳеҷ чиз карданд, ин Раҳмонов бо дову дастгаҳаш омадаст ва осори замони болшевикиро ҳам хароб мекунаду мегӯяд мо ҳатто замони болшевикӣ ҳам чизе надоштем” — таъкид кард раҳбари ПМТ.
Муҳиддин Кабирӣ гуфт “ҳатто биноҳои таърихиро ҳам, ки дар замони шӯравӣ сохта шудаанд аз байн мебаранд. Алъон, ҳамин шабу рӯзе, ки ман бо шумо сӯҳбат дорам бинои собиқ Ҳизби коммунистиро дар Душанбе хароб мекунанд. Дақиқан ҳамин гуна биноҳо, ки аз рӯи ҳамин архитектура ва бо ҳамин стандартҳо сохта шудаанд, дар Маскав, Санкт-Петербург, Ереван, Тбилиси, Тошканд ва ҳатто Аврупои шарқӣ ҳифз карда шудаанд ва хидмат мекунанд. Чун инҳоро беҳтарин меъморҳо сохтаанд. Ҳам аз лиҳози меъморӣ метавонанд садҳо соли дигар хизмат кунанд ва ҳам аз лиҳози муҳандисӣ”.
Раҳбари мухолифин суолгузорӣ намуд, чаро дар як кишвари қашшоқ, ки ҳатто барои сохтани беморхонаву мактаб, пардохти моҳонаву нафақа ва ғайра пул надорад, аз пули муҳоҷирон бо гадоӣ зиндагӣ дорад, яке меояд ин биноҳои амалкунандаи зеборо хароб мекунад ва дар ҷояш як биноҳои аз сементу оҳану шиша, ки ҳеҷ қимати архитекторӣ надоранд, бунёд мекунад? Ва посух дод “ин ҳам идомаи ҳамон сиёсати калтакдорони сурх ва болевикони фарҳангӣ аст. Раҳмонов ва тарафдоронаш ба насли ояндаи тоҷикон хоҳанд гуфт, ки на юнониҳо, ки Осиёи Миёнаро гирифта буданд чизе барои мо сохтанд, на арабҳо, ки танҳо дин оваданду дини моро бурданд, на чингизиҳову туркҳо ва на ҳатто болшевикон. Ва он ҷавонҳои баъдӣ мисли ҷавонони имрӯза, ки моро хоину душман медонанд ва Раҳмоновро наҷотдиҳандиҳандаи худашон, воқеъан бовар хоҳанд кард, чун ба ҳар тараф ки назар мекунанд, биноҳоеро хоҳанд дид, ки дар замони Раҳмонов сохта шудааст — китобхона, чойхона, масҷид. Бо пули Чин ва қарздоркунии мо, аммо ба номи Раҳмонов. Ва ҷавонон ҳам бовар мекунанд, ки тоҷикон ҳеҷ таърихе, ҳеҷ арзише ҳеҷ ҳуввияте то омадани Раҳмонов надоштанд.”
Муҳиддин Кабирӣ аз мардум даъват кард барои ҳифзи сори таърихӣ садо баланд кунанд, чун ин биноҳо ҷузъи таърихи миллатанд ва бояд ҳифз шаванд. “Имрӯз хомӯшона тамошо мекунем, ки Раҳмонов дорад тамоми хотираи таърихии миллатро аз байн мебарад. Агар мо чун миллат натавонем осори таърихиамонро аз вайронкориҳои Раҳмонов ҳифз кунем, воқеъан вой бар ҳоли мо. Шояд баъзе аз дӯстон гӯянд, ки шумо дар Аврупо ҳастед ва баланд сӯҳбат мекунед, вале мо дар дохил ҳастем ва метарсем. Бале, мо шуморо мефаҳмем, вале ҳади ақал шумо ҳамин садои моро ба мардум расонед” — даъват кард ӯ.
Ҳамчунин раҳбари мухолифин аз ҳаводорони Шӯравӣ, ки “ҳамеша Наҳзату Растохезу дигар нерӯҳои демократиро дар фурӯ пошидани Шӯравӣ гунаҳор медонанд” даъват кард аз сосри таърихии кишвари дӯстдоштаашон ҳифозат кунанд.
Навори пурраи суханронии раҳбари Паймони миллиро метавонед инҷо бубинед: