Гурӯҳе аз фалаксароёни Тоҷикистон бо раҳбарии Давлатманд Холов дар январи соли 2018 барои ҳунарнамоӣ озими Порис хоҳанд шуд.
Би иттилои Кумитаи тадорукотти нахустин Ҷашнвораи Пэршно-“Ҷашнвораи ҳунарии форсизабонони Аврупо”, ки қарор аст аз 13 то 20-уми январи соли 2018 дар пойтахти Фаронса баргузор гардад, фалаксароёни кишварамон барои ҳунарнамоӣ дар он ширкат хоҳанд кард.
Ин ҷашнвора дар чанд бахш ҳунармандонро аз се кишвари форсизабон (Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон) даври ҳам ҷамъ мекунад ва барои ғолибони озмунҳояш ҷоизаҳоеро низ тахсис додааст.
Пешвои фалаксароёни Тоҷикистон Давладманд Холов дар ҳошияи ин ҷашнвора як консерти Фалакро ҳам раҳбарӣ хоҳад кард.