Рубрики Хабарҳо

88 млн евро кӯмаки молии БАТР барои таъмири НБО «Қайроқум»

Аз ҷониби Бонки Аврупоии Тавсеа ва Рушд (EBRD) ва Фонди Иқлими Сабз (Green Climate Fund -GCF)  барои таъмири Нерӯгоҳи барқи обии Қайроқуми Тоҷикистон, 88 миллион евро кумаки молӣ ҷудо шудааст.

Дар ин бора, пойгоҳи интернетии хабар дода гуфтааст, ки кумаки молӣ заминаи афзоиши тавлиди барқ дар ин нерӯгоҳро аз 126 мегаватти кунунӣ ба 174 мегаватт фароҳам хоҳад кард.

Неругоҳи барқи обии Қайроқум 60 сол қабл бар рӯйи рӯдхонаи Сир сохта шуда ва оби мавриди ниёзи бахшҳои кишоварзии Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистонро таъмин мекунад.

Зарфияти кунунии тавлиди барқи ин неругоҳ дар ҳоли ҳозир 126 мегаватт аст, ки барои таъмини ниёзи 500 ҳазор хонавода кифоят мекунад, вале бо поёни марҳалаи бозсозии он, теъдоди бештаре аз мардуми вилояти Суғд метавонанд аз барқи ин неругоҳ истифода кунанд.

Ҳамчунин тавре пештар дода будем, Қазоқистон низ аз Тоҷикистон талаб карда буд, ки ҳарчи бештар дар обанбори Қайроққум  об захира шавад ва мехоҳад, дар фасли тобистон аз ин захираи об дар шимоли кишвараш истифода кунад.

Қазоқистон ин дархости худро бо лоиҳаи Созишномае ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст гуфта мешавад, айни ҳол идораҳои давлатии Тоҷикистон созишномаи пешниҳодии Остонаро ба баррасӣ гирифтаанд ва ин мавзӯъ дар ҷаласаи рӯзи 4-уми апрел дар порлумони Тоҷикистон ҳам баррасӣ шудааст.

Султон Раҳимзода, муовини аввали вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфтааст, ки мақомоти Қазоқистон дар созишнома асосан «истифодаи самарбахш аз захираҳои обии «Баҳри тоҷик»-ро пешниҳод кардаанд. Аз ҷумла  Ӯзбекистон низ чунин пешниҳодро кардааст.

«Аммо ин ба маънои фурӯши об аз тарафи Тоҷикистон нест. Танҳо дар иваз Қазоқистону Узбекистон ба Тоҷикистон кумак хоҳанд кард, то дар обанбори Қайроққум миқдори бештари об барои фасли тобистон захира шавад. Ин кор, албатта, маблағ металабад ва Тошканду Остона омода ҳастанд, пули масрафшуда барои ҷамъоварӣ ва нигаҳдории об дар “Баҳри тоҷик”-ро ба Тоҷикистон ҷуброн кунанд”, — гуфтааст Султон Раҳимзода.

Бонки Аврупоии Тавсеа ва Рушд  таъкид кардааст, то кунун барои тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон 600 миллион евро ихтисос додааст, ки шомили бозсозии нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва ҳимоят аз бахши хусусии ин кишвар аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *