Ҳар рӯз мо бо хатарҳои пешгӯинашаванда рӯ ба рӯ мешавем: садамаҳои нақлиётӣ, беморӣ, офатҳои табиӣ, сӯхтор ё ҳатто муфлис шудани корхона. Дар чунин ҳолат чӣ бояд кард? Оё суғурта метавонад пуштибон бошад?
Намудҳои асосии суғурта
Дар Тоҷикистон навъҳои гуногуни суғурта вуҷуд доранд. Ҳар кадом ба ягон мушкили ҳаёт ёрӣ мерасонанд.
Якум, суғуртаи саломатӣ. Агар бемор шавед ё ёрии тиббӣ лозим шавад, ин суғурта ба шумо кумак мекунад, ки хароҷотро кам кунед.
Дуюм, суғуртаи амвол. Он барои ҳифзи манзил, мошин ва дигар молу мулк мебошад. Масалан, агар офат ё садама рӯй диҳад, ин суғурта зарари шуморо ҷуброн мекунад.
Сеюм, суғуртаи ҳаёт. Он барои ҳифзи ҳаёт ва саломатӣ дар ҳолатҳои ногаҳонӣ, мисли бемории вазнин ё марг кумак мерасонад. Яъне, ин навъи суғурта ба оила ё наздикони шумо мададрасон аст.
Чаро суғурта муҳим аст?
Коршиносон мегӯянд, ки суғурта на танҳо барои молу мулк, балки барои амнияти зиндагии мо хеле муҳим аст. Дар Тоҷикистон, ки баъзан офатҳои табиӣ ё дигар мушкилот рух медиҳанд, суғурта метавонад дар ҳифзи зиндагӣ кумак расонад. Ҳамчунин, истифодаи суғурта ба ҳар яки мо имкон медиҳад, ки дар ҳолати бади зиндагӣ зарари молӣ надиҳем ва бо осонӣ мушкилотро паси сар кунем.
Коршиносони бахши суғурта мегӯянд: “Суғурта на танҳо воситаи ҳифзи молу мулк аст, балки як навъи кафолати амнияти зиндагии инсон ва оилаҳост. Дар Тоҷикистон, ки эҳтимолан бо хатари офатҳои табиӣ ва дигар хатарҳои ногаҳонӣ рӯ ба рӯем, истифодаи суғурта метавонад пешгирии зиёни ҷиддиро таъмин кунад”.
Ҳоло ба аҳолии кишвар 16 ширкати суғуртавӣ хизматрасониҳои суғуртавиро анҷом медиҳанд. Аммо саҳми бахши суғурта дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳамагӣ 0,3 фоизро ташкил медиҳад. Албатта, ин хеле ночиз аст.
Ба таъкиди коршиносон, фаҳмиши бештари аҳолӣ ва рушди низоми суғурта дар кишвар метавонад сатҳи ҳифзи иҷтимоӣ ва иқтисодиро беҳтар созад. Дар натиҷа ба рушди устувори кишвар мусоидат намояд.
Аз ин лиҳоз, ҳифзи молу ҷони худ бо суғурта амали оқилона ва зарурӣ аст. Истифодаи суғуртаи саломатӣ, амвол ё ҳаёт ба шумо ва оилаатон осудагӣ мебахшад.
Усмон Раҳимзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube