Имрӯз, 9 октябр, дар чорчӯби сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон, баргузории мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ва имзои чанд санади ҳамкорӣ дар назар аст.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ҷараёни сафар мулоқоти расмии Владимир Путин бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, музокирот дар форматҳои “як ба як” ва бо иштироки ҳайатҳои васеъ баргузор мешаванд. Инчунин, имзои санадҳои муҳими ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, амният, маориф ва фарҳанг пешбинӣ гардидааст.
Дар анҷоми музокирот, нишасти матбуотии муштараки сарони ду кишвар баргузор хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки шаби гузашта, 8 октябр, Владимир Путин бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Душанбе гардид. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан ӯро истиқбол гирифт. Ба муносибати ин сафар, майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ, шиору овезаҳо, роҳрави қирмизӣ ва аксҳои роҳбарони ду кишвар оро ёфта буд. Сарбозони горди фахрӣ дар ду паҳлӯи роҳрав саф оростанд.
Баъди маросими истиқбол, Президенти Русия ба назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ – асосгузори давлати тоҷикон рафт ва ба хотири эҳтиром ба таърихи давлатдории миллӣ гулчамбар гузошт.
Сипас, сарони ду кишвар дар чорабинии фарҳангии “Шоми дӯстӣ”, ки дар Боғи Ирам баргузор шуд, иштирок намуданд. Тибқи наворҳои нашркардаи дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон акси таърихии “Дӯстони тоҷик” ва китоби нодири “Тоҷикон”-ро тақдим намуд. Ба гуфтаи Путин, “ин китоб ҳамагӣ 25 нусха чоп шуда ва ин нусхаи аввал мебошад”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube