Рубрики Хабарҳо

Муҷримони ҳиҷобкаш мавриди ҷустуҷӯй қарор гирифтанд

Дар Лондони Британияи Кабир ҷавондухтари 20 солаи ҳиҷобпӯш мавриди хушунати ду ҷавонмарди ношинос қарор мегирад. Ин ду марди ношинос аз пасаш омада ҳиҷоби духтаракро аз сараш бадар мекунанд.

Дар ин бора хабар медиҳад.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки нимарӯзӣ ҷавондухтари ҷабрдида бо дугонааш дар хиёбон, дар ҳолати сайругашт будааст.

Ҷавондухтарон дарҳол пулисро хабар медиҳанду ҳодиса ва шакли зоҳирии ҳуҷумкардагонро ба полис мегӯянд.

Мақомоти ҳифзи тартиботи Лондон айни ҳол ин ду мардро дар ҳолати ҷустуҷуй қарор додаанд.

Бен Казин, муфаттиши мақомоти пулиси Лондон дар суҳбат бо хабарнигорони маҳаллӣ гуфтааст: “Ин як ҳуҷуми ғофилгиркунанда дар рӯзи равшан буд. Мо таҳаммули ҷиноятҳои  нажодпарастӣ ва динбадбиниро надорем. Ман хоҳиш мекунам, касе шоҳиди ин ҳодиса шуда бошад, ҳатман бо мо ҳамкорӣ кунад, то ҷинояткорон ҷазо дода шаванд ва такрори ин гуна ҳодисаҳо пешгирӣ шавад.”

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон худи мақомоти интизомӣ ва амниятии кишвар “облававу рейд” ташкил намуда дар бозору хиёбонҳо ва ҷойҳои серодам хонумони ҳиҷобпӯшро бо таҳқиру фишор ҳиҷобашонро аз сарашон бадар мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *