Рубрики Хабарҳо

Самбочиёни тоҷик аз иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум шуданд

Дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба самбои «Мемориал Харлампиев», ки дар Русия доир гардид, иштирок карда натавонист. Сабабаш аз ҷониби Федератсияи самбои кишвар пардохт нашудани аъзоҳаққӣ будааст.

Федератсияи байнулмилалии самбо (FIAS) ба сабаби пардохт нашудани аъзоҳаққӣ дар муддати се соли охир узвияти дастаи Тоҷикистонро дар ин Федератсия боздоштааст. Тавре дар сомонаи расмии FIAS қайд мешавад, ҳаҷми аъзоҳаққии солона 300 долларро ташкил медиҳад.

Тавре хабаргузории АзияПлюс иттилоъ додааст, дар Федератсияи самбои Тоҷикистон ин маълумотро тасдиқ намуда, сабаби пардохт нашудани аъзоҳаққиро ба вазъи душвори молиявии ташкилот нисбат доданд ва изҳор намуданд, ки айни замон баҳри ҳалли ин масъала сарпарастонро ҷустуҷӯ доранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *