Рубрики Pressa

Ҳушдори КОА-и Тоҷикистон дар бораи истифодаи ҳуши маснӯӣ дар корҳои илмӣ


Комиссияи олии аттестатсионӣ пас аз ошкор шудани истифодаи васеи ҳуши маснӯӣ дар таҳияи диссертатсияҳо ва авторефератҳо, ба довталабони дараҷа ва унвонҳои илмӣ ҳушдор додааст.

КОА эълон кардааст, ки минбаъд номи довталабоне, ки дар корҳои илмии онҳо истифодаи AI ошкор мешавад, дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр хоҳад шуд.

Тибқи таҳлилҳои КОА, дар соли ҷорӣ зиёда аз 100 диссертатсия ва автореферат бо истифода аз ҳуши маснӯӣ таҳия шудаанд. Ин ниҳод мегӯяд, дар муқоиса бо аввали сол, шумораи чунин ҳолатҳо 6 маротиба афзоиш ёфтааст:

– январи 2025: 5 ҳолати ошкоршуда;
– сентябри 2025: 28 ҳолат.

КОА ин тамоюлро хатарнок арзёбӣ мекунад ва мегӯяд, чунин амалҳо бо меъёрҳои таҳқиқоти илмӣ ва этикаи илмӣ дар зиддият қарор доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *