Рубрики Хабарҳо

Созмони милал: бояд ба 23 миллион нафар дар Афғонистон кумак кунем, аммо пул надорем

Идораи ҳамоҳангкунандаи кумакҳои башардӯстонаи Милали муттаҳид мегӯяд аз 28 миллион ниёзманд дар Афғонистон, 23 миллион дар авлавият қарор дорад то кумак дарёфт кунанд. Ин идора гуфтааст кумакҳо замоне мумкин аст, ки буҷа ба даст оварад. 

Созмони милал аз кишварҳо хост ба фарохони ин созмон барои кумак ба Афғонистон посух диҳанд. 

Созмони милал барои ироаи кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон 4.6 миллиард доллар дархост кардааст. 

Идораи ҳамоҳангкунандаи кумакҳои башардӯстона аз кишварҳо хост, ки ба дархости Созмони милал барои кумак ба мардум Афғонистон посух диҳанд. 

Пас аз ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон, беш аз 90 дарсад мардуми Афғонистон бо буҳрони шадиди иқтисодӣ ва ғизоӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. 

Аз августи соли 2021, ки ҳукумати пешин суқут кард, бештари кумакҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам ба Афғонистон қатъ шуд. 

Ҳамчунин ҳазорон нафар аз кормандони давлати пешин, шуғлашонро аз даст додаанд, ки акнун бо шароити сахте дасту панҷа нарм мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *