Рақиби размикори ҷавони тоҷик, Нурулло Алиев дар нахустин сабқаташ дар созмони UFC варзишкори таҷрибадори бразилӣ, Рафаел Алвес мешавад, ки то ҳол 31 набард анҷом додааст. Интизор меравад зӯрозмоии варзишкори 22-солаи тоҷик бо ҳамтои 32-солааш санаи 26 феврал дар Лас-Вегас баргузор гардад
Дар ин бора худи Алиев дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст.
Алвес то ҳол 31 бор зӯрозмоӣ карда, 20 бор пирӯзу 11 бор мағлуб шудааст.
Нурулло Алиеви 22-сола то ҳол 8 пирӯзӣ дар даст дорад ва ягон бохт надорад.
Ӯ моҳи сентябри соли 2022 дар пайи пирӯзияш бар Ҷош Уики амрикоӣ ба UFC роҳ ёфта, аввалин намояндаи Тоҷикистон дар ин лигаи маъруф мебошад.