Рубрики Хабарҳо

Укроин: Русия дар ҳамла ба Херсон аз силоҳҳои оташзо истифода кард

Ба гуфтаи манобеъи укроинӣ, Русия чандин шаҳри ин кишварро гулӯлаборон кардааст. Ярослав Янушевич, фармондори низомии яке аз манотиқи Херсон дар каналтелеграми худ навишт, артиши Русия дар ҳамла ба ин минтақа аз силоҳҳои оташзо истифода кардааст. 

Бар асоси аҳдномаи Женева истифода аз силоҳҳои оташзо алайҳи ҳадафҳои ғайринизомӣ мутлақо мамнӯъ аст. Ба гуфта Янушевич, ин ҳамла бидуни кушта ва захмӣ ба поён расидааст. 

Хабаргузории Олмон гузориш дод, ки ҳамлаҳои Русия дар манотиқи дигар чанд қурбонӣ барҷо гузоштаанд. 

Бар асоси ин гузориш дар Харков як нафар ҷони худро аз даст додааст. Дар минтақаи Донетск ҳам шаҳрҳои Краматорск ва Константино мавриди исобати мушак қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи Кирил Тимошенко, муовини раисҷумҳури Укроин, дар ҳамлаҳои минтақаи Донетск як нафар ҷон бохта ва ҳашт тан захмӣ шудаанд. 

Ташдиди тамриноти низомии Русия ва Беларус 

Бар асоси гузориши манобеъи беларусӣ, тамриноти низомии муштараки ин кишвар ва Русия афзоиш ёфтаанд. Хабаргузории Рейтерз навишт, телевизиони низомии Беларус гузориш додааст, ки гурӯҳҳои низомии ҳар ду кишвар тақрибан ба таври мудовим дар маъмуриятҳои омӯзишӣ ҳастанд ва тамаркузи худро рӯйи ҷанг дар шаҳрҳо мутамаркиз кардаанд. 

Дар ҳафтаҳои ахир ин нигаронӣ дар Укроин ва кишварҳои ғарбӣ матраҳ шуд, ки Русия ба далели адам муваффақият дар ҷабҳаҳои феълӣ, мумкин аст аз хоки муттаҳиди худ Беларус барои ҳамла ба Укроин истифода кунад. 

Таҳрими ҳунармандони русии тарафдори ‍Путин 

Укроин ҳудуди 120 ҳунарманди русӣ ва укроиниро ба иттиҳоми ҳимоят аз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия таҳрим кардааст. Яке аз машҳуртарин шахсиятҳои байналмилалӣ, ки аз ҷониби дафтари раёсатҷумҳурии Укроин дар феҳристи таҳримиҳо қарор гирифта, Анна Нетребко хонандаи операи сокини Вена аст. Ў ба тозагӣ ба далели наздикиаш ба Кремл мавриди интиқод қарор гирифтааст. 

Дар феҳристи таҳримҳо номи се ҳунарманди укроинӣ, ва ҳамчунин Никита Михалков, бозигар ва коргардони рус ва Филипп Киркоров, сарояндаи саршинос ба чашм мехӯрд. 

Дороии таҳримшудагон дар Укроин масдуд хоҳад шуд. 

“Бузургтарин майдони мини ҷаҳон” 

Ба гуфтаи Денис Шмигал, нахуствазири Укроин,таҷовузи низомии Русия ба Укроин “як майдони мин ба масоҳати 250 ҳазор километри мурба” дар кишвараш эҷод кардааст. Ў дар мусоҳиба бо хабаргузории Кореяи ҷанубӣ “Янҳап” гуфт: “дар ҳоли ҳозир ин майдон бузургтарин майдони мин дар ҷаҳон аст.” 

Шмигал зимни баёни ин, ки минтақаи мингузоришуда “беш аз 40 дарсад аз кулли масоҳати Укроинро шомил мешавад” таъкид кард: “ин на танҳо рафту омадро барои мардум душвор мекунад, балки боиси ихтилоли бештар дар кишоварзӣ, ки яке аз саноеъи аслии мо аст, мешавад”. 

Ихтилоф дар Олмон нисбат ба ирсоли силоҳ ба Укроин 

Раҳбари ҳизби сотсиал-демократи Олмон ҳушдор дод, ки Олмон набояд ба танҳоӣ дар заминаи ирсоли таслиҳот ба Укроин иқдом кунад. Заския Скан зимни таъкид бар ин, ки ирсоли кумакҳои башардӯстона, молӣ ва низомӣ ба Укроин идома хоҳад дошт, изҳор дошт, таҳримҳо алайҳи Русия ва ирсоли ҷангафрорҳои сангин бояд бо мувофиқати кишварҳои ҳампаймон, ба вижа Иёлоти муттаҳидаи амрико анҷом шавад. 

Пештар Катрин Геринг-Экарт ва Волфганг Кубистки, ду ноиби раиси парлумони Олмон, хоҳони ирсоли танкҳои Леопард ба Укроин шуда буданд. 

Кубистки, аз аъзои баландпояи ҳизби демократи озод ба гурӯҳи расонаии “Функа” гуфт: “мо бояд ҳар коре, ки мумкин аст (барои кумак ба Укроин) анҷом диҳем ва ин шомили ирсоли танкҳои Леопард низ мешавад”. 

Геринг-Экарт аз ҳизби сабзҳо ва Кубистки мӯътақиданд, ки анҷоми ин кор бояд дар ҳамоҳангӣ бо дигар аъзои НАТО сурат бигирад. 

Олмон қасд дорад дар се моҳаи аввали соли ҷорӣ ҳудуд 40 худрави ҷангии пиёданизоми “Мардер”-ро ба Укроин таҳвил диҳад. Қарор аст, ки як сомонаи мушакии зиддиҳавоии “Патриот” аз захоири артиши Олмон ҳам ба Укроин ирсол шавад. 

Ҳудуди ҳашт миллион овораи укроинӣ 

Ба гуфтаи Комиссариати олии Созмони милал барои расидагӣ ба умури паноҳандагон аз оғози ҳамлаи Русия ба Укроин беш аз ҳафт миллиону 900 ҳазор шаҳрванди Укроин овора шудаанд. Ин бахши Созмони милал таъкид мекунад, ки чунин иттифоқе дар даврони пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум бесобиқа аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *