Рӯзи 25 октябр дар шаҳрҳои Беларус таҳти унвони «Самый громкий марш» намоишҳои нави эътирозӣ доир шуд. Бино ба ҳисобҳо, фақат дар Минск 100 ҳазор нафар ба кӯчаҳо рехтанд. Раҳпаймоӣ давоми рӯз бидуни боздоштҳо гузашт, вале шоми 25 октябр нирӯҳои пулис ба зидди эътирозгарон аз норинҷакҳои садодор (светошумовые гранаты) истифода бурданд.
Эътирозҳо бо талаби истеъфои Александр Лукашенко дар Беларус аз 9 август, аз замони эълони пирӯзии навбатии ӯ дар интихоботи навбатии президентӣ инак дувуним моҳ боз идома доранд. Лукашенко аз соли 1994, инак 26 сол боз бар Беларус роҳбарӣ мекунад.
Рақиби асосии Лукашенко – Светлана Тихановская ба Лукашенко то 25 октябр зарбулаҷал (ултиматум) додааст, ки истеъфо диҳад. Дар ғайри ин сурат ӯ ба корпартоии умумӣ даъват мекунад.