Сандуқи байналмилалии пул пешбинии худ аз рушди иқтисоди ҷаҳониро ба андаке камтар аз пешбинии қаблӣ тағйир дод. Ин ниҳоди байналмилалии молӣ чашмандози андак тирае дар мавриди иқтисоди ҷаҳонӣ арзёбӣ кардааст.
Бар асоси пешбиниҳои нави иқтисодии ин ниҳоди молии байналмилалӣ, ки дирӯз 11 апрел ироа шуд, рушди ҷаҳонии иқтисод дар соли ҷори ба 2,8 дарсад коҳиш меёбад, ва ин дар ҳоле аст, ки соли гузашта бо афзоиши рушд 3,4 дарсадӣ рӯ ба рӯ буд. Дар моҳи январи соли ҷорӣ, Сандуқи байналмилалии пул як рушди ҷаҳонии 2,9 дарсадиро пешбинӣ карда буд.
Нуктаи қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки рушди иқтисодӣ ба вижа дар кишварҳои санъатӣ бо раванди кунд рӯ ба рӯ аст. Сандуқи байналмилалии пул барои ин даста аз кишварҳо пешбинӣ мекунад, ки боздиҳии иқтисодӣ дар соли ҷорӣ 1,3 дарсад афзоиш ёбад. Аз сӯи дигар, дар кишварҳои дар остонаи санъатӣ ва дар ҳоли тавсеъа, бо пешбинии рушди 3,9 дарсадӣ, авзоъ бисёр беҳтар ба назар мерасад.
Иқтисоди Олмон дар ҳоли рукуд аст
Сандуқи байналмилалии пул ҳамчунин пешбинии худро барои Олмон бо як коҳиши 0,2 дарсадӣ нисбат ба январ ислоҳ кардааст. Ин сандуқ акнун интизор дорад, ки боздиҳии иқтисодӣ 0,1 дарсад коҳиш ёбад. Ин гузориш барои соли 2024 як рушди 1,1 дарсадӣ пешбинӣ мекунад.
Дар оғози моҳи ҷории апрел, институтҳои иқтисодии пешрави Олмон то ҳудуде дар мавриди соли 2023 итминони хотири бештаре доштанд. Онҳо барои соли ҷорӣ интизори рушди кӯчаки тавлиди нохолиси дохилии 0,3 дарсадиро доранд. Бинобар ин, ҳар чӣ бештар ошкор мешавад, ки рукуди иқтисодӣ, ки нигарони он буданд, ба Олмон нахоҳад расид.
Таварруми дур аз ҳадаф
Пер Оливе Горинча, иқтисоддони аршади Сандуқи байналмилалии пул, менависад: “мо вориди марҳалаи пурриске мешавем, ки дар он, дар ҳоле, ки шохиси рушди иқтисодӣ дар муқоисаи таърихӣ поинраванда мемонад, рискҳои молӣ афзоиш меёбанд, бидуни ин ки таваррум ба мизони қобили таваҷҷуҳе тағйир кунад.”
Бар асоси ин пешбинӣ, дар ҳоле, ки талошҳо бояд дар ростои бозгардондани суботи қиматҳо бошад, дар айни ҳол бояд аз суқут ба як рукуд низ ҷилавгирӣ кард.
Бо ин ҳол, Сандуқи байналмилалии пул дар ҳоли ҳозир рукуди ҷаҳониро пешбинӣ намекунад. Аммо он чи мӯҷиби нигаронӣ аст, ин аст, ки раванди нузули таварруммкундтар аз пешбиниҳои аввалия аст. Барои соли 2023, Сандуқи пул интизор дорад, ки сатҳи гарониҳо дар саросари ҷаҳон ба таври миёнгин 7 дарсад бошад, ва ин 0,4 дарсад бештар аз пешбинӣ дар моҳи январ аст.
Дар соли оянда бояд шохиси гарониҳо 4,9 дарсад бошад, ки афзоиши 0,6 дарсадиро нишон медиҳад. Барои кишварҳои санъатӣ, Сандуқи байналмилалии пул интизор дорад сатҳи таваррум дар соли ҷорӣ ба 4,7 дарсад бирасад. Ин арқом ҳанӯз бо ҳадафи 2 дарсадӣ, ки бонкҳои марказӣ онро аз назари иқтисодӣ солим медонанд, фосилаи зиёде дорад. Дар ин гузориш омада, ки мубориза бо таваррум бисёр душвортар аз он аст, ки чанд моҳи пеш интизори он мерафт.
“Вазъият шикананда аст”
Ба ҳамин далел ин гузориш рискҳои қобили таваҷҷуҳеро мебинад, ки беҳбуди иқтисодиро ба хатар меандозад. Сиёсатҳои пулии сахтгиронаи бонкҳои марказӣ ба тадриҷ ба самар мерасад. Аммо акнун баъид аст, ки бонкҳои марказӣ аз мубориза бо қиматҳои боло барои масрафкунанда кӯтоҳ биёянд. Бо ин ҳол, боло бурдани нархи баҳра, ин хатарро дорад, ки рушди иқтисодиро мутаваққиф кунад. Сандуқи байналмилалии пул мегӯяд: “талотум дар зери сатҳ, дар ҳоли шаклгирӣ аст ва вазъият комилан шикананда аст, ҳамон тавр, ки бесуботии ахир дар бахши бонкӣ ба мо нишон дод.”
Ба ҳамин далел Сандуқи байналмилалии пул як “сенарияи ҷойгузини қобили қабул”-ро тарҳрезӣ мекунад ва мегӯяд: “агар таниш дар бахши молӣ идома ёбад, эҳтимол дорад, ки рушди иқтисоди ҷаҳонии имсол ба сатҳи 2,5 дарсад коҳиш ёбад.”
Тибқи гуфтаи Сандуқи байналмилалии пул, дар чунин вазъияте, ин заифтарин рушд аз замони рукуди ҷаҳонӣ дар соли 2001 хоҳад буд, албатта ба истиснои шурӯъи ҳамагирии коруно ва буҳрони молӣ дар соли 2009. Дар ин сенария, сатҳи рушд дар кишварҳои санъатӣ камтар аз як дарсад хоҳад буд.
Ҳеҷ нишонае аз морпечи дастмузди қимат вуҷуд надорад
Сандуқи байналмилалии пул дар як арзёбии мусбат мегӯяд ҳавзаи иқтисод ба оромӣ паёмадҳои таҳоҷуми Русия ба Укроинро пушти сар гузошта ва рӯ ба беҳбуд аст ва ҳамчунин дар ҳоли ғалаба бар паёмадҳои пандемии коруно аст. Иллати аслии ин амр, коҳиши “тағйироти вобаста бо ҷанг” дар бозорҳои энержӣ ва маводи ғизоӣ ва поёни карантини коруно дар Чин аст.
Сандуқи пул сигналҳои мусбати бештареро низ мебинад: аз як су, дар ҳоли ҳозир ҳеҷ нишонае аз морпечи контрол нашудаи қимат ва дастмузд дида намешавад; Яъне раванде, ки афзоиши беш аз ҳадди дастмуздҳо дар вокуниш ба таварруми боло, боиси афзоиши бештари қиматҳо шуда бошад.
Аз сӯи дигар, талотумҳои бахши бонкӣ метавонад боиси коҳиши тақозо шавад ва таъсире мушобеҳи афзоиши нархи баҳра дошта бошад. Ба ин тартиб ин талотумҳо метавонанд ба коҳиши нархи таваррум кумак кунанд.