Раисҷумҳури кишвари Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, тасмими Русия дар мавриди ба расмият шинохтани ҷумҳуриҳои ба истилоҳ Донетск ва Луҳанскро «ғайриқобили қабул» хонд. Вай аз вокуниши Ғарб ба бӯҳрони атрофи Украина изҳори норозигӣ кард.
Бар асоси баёнияи вазорати корҳои хориҷаи Туркия, тасмими Русия барои ба расмият шинохтани ҷумҳуриҳои ба истилоҳ Донетск ва Луҳанск нақзи тавофуқоти Минск аст. Ба назари ӯ, ин тасмими Маскав нақзи ошкори ваҳдати сиёсии соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украина аст.
Эрдуғон гуфт: “Мо тасмими Русияро ғайри қобили қабул меҳисобем ва ҷонибҳоро даъват мекунем, ки оқилона фикр кунанд ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро эҳтиром кунанд. Туркия ба унвони як давлати минтақаи Баҳри Сиёҳ дар посух ба танишҳои миёни Федератсияи Русия ва Украина як қатор тадбирҳо омода ва амалӣ мекунад.”
Эрдуғон дар шарҳи даъвати президенти Украина Владимир Зеленский барои мулоқот бо аъзои Шӯрои Амнияти СММ, инчунин Туркия ва Олмон гуфт:
“Агар ин ташаббус як платформаи муколама бошад, Туркия омода аст ширкат кунад. Пешниҳоди Зеленский намоиши бархӯрди мусбат аст ва дар сурати пуштибонӣ аз он мо омодаем дар музокирот ширкат кунем”.