Рубрики ХОВАР

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 июн, панҷшанбе, 177-умин рӯзи соли 2025 аст






26 июни соли 2009 хатти аввали фабрикаи ғанигардонии маъдани ҶММ «Ширкати саноати маъдани Тоҷикистону Чин» ба истифода дода шуд.

***

15 сол қабл, 26 июни соли 2010 дар шаҳри Нью-Йорк дар синни 85 Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Шоиста Муллоҷонова аз олам даргузашт.

***

26 июни соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо корҳои кишоварзӣ ва доир намудани машварати корӣ бо фаъолони соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара сафар намуданд.

***

11 сол пеш, 26 июни соли 2014 дар  Малайзия  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи мошинсозии «Протон» дидан намуда, бо фаъолияти он аз наздик шинос шуданд. Зимни боздид ҳамчунин оид ба ташкили ҳамкории ин корхона бо Тоҷикистон гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба муносибати 18-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат мулоқот ва оид ба арзишҳои волои сулҳу оромӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.

***

26 июни соли 2016 дар шаҳри Хоруғ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва рушди соҳибкориро ифтитоҳ намуданд. Иншооти мазкур  бо харҷи 2 миллиону 630 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сармояи хориҷӣ бунёд гардида,  сеошёна буда, аз маркази иттилоотӣ ва кумак ба сайёҳон, мағозаҳои фурӯши туҳфаҳо, таҷҳизоти хизматрасонии иҷораи кӯҳнавардӣ, ҳуҷраи хушкашӯӣ, утоқҳои корӣ, толори баргузории маҷлис ва маркази соҳибкорӣ иборат  мебошад.

***

26 июни соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия «Арча — мебел» дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арча» дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»  ба фаъолият шуруъ намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 аъзои дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон Абубакр Шеров дар Мусобиқа байналмилалии ҷудо «Russian judo tоur — Челябинск-2023» медали тилло ба даст овард.

26 ИЮН:

Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир.

***

Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа.

***

Дар Озарбойҷон — Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.

***

Дар Мадагаскар — Рӯзи истиқлолият.



Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *