Воридоти мол ба Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 3,8% афзоиш ёфта, содирот 4,3% камтар шудааст. Идомаи раванди афзоиши тавозуни манфии савдо ва пешбинии бӯҳрони нав дар Русия иқтисоди кишварро ба хатарҳои дигаре рӯбарӯ хоҳад кард.
Ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон дар панҷ моҳи гузашта нисбат ба ҳамин давраи соли қабл 1,7% ё $29,2 млн афзоиш ёфта, ба каме бештар аз $1,7 млрд. расидааст.
Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон тавозуни савдо манфӣ буда, ба – $892 млн. расидааст.
Воридоти мол дар ин давра ба бештар аз $1,3 млрд. расидааст, ки афзоиши 3,8% $47,4 млн-иро нишон медиҳад.
Содироти мол бошад 4,3%, ё $18,2 млн. камтар гашта ҳамагӣ $410,5 млн-ро ташкил додааст. Яъне воридот аз содирот беш аз се маротиба бештар аст.
Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон ҳамоно Русия боқӣ мемонад. Гардиши мол бо ин кишвар дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ $415,8 млн.-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 8% бештар шудааст. Русия ҳамчунин асоситарин кишвари воридкунандаи қувваи корӣ аз Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Афзоиши тиҷорат бо Қазоқистон дар ҳамин давра 1%-ро ташкил дода ба $348,3 млн. расидааст.
Аммо додугирифт бо Чин рӯ ба коҳиш аст. Тиҷорати Тоҷикистону Чин 6,3% камтар шуда, дар сатҳи каме бештар аз $243,8 млн-ро қарор гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ бӯҳрони нави иқтисодӣ дар Русияро пешбинӣ мекунанд.
Вазорати иқтисоди Русия ҳам қаблан эълом карда буд, мизони тавлиди маҳсулоти нохолиси миллии ин кишвар, ки бояд таи се моҳи нахусти соли ҷорӣ ба яку ним дар сад мерасид 8 даҳуми дар садро ташкил додааст.
Бӯҳрон дар Русия ба интиқоли пули муҳоҷирон ба кишвар таъсири манфӣ хоҳад расонд. Дар навбати худ пули муҳоҷирон таъминкунанди асосии малағи воридот ба кишвар аст. Коршиносон мегӯянд дар се соли оянда имкони зиёди коҳиши на танҳо содирот, балки воридот ҳам мавҷуд аст.