Рубрики Хабарҳо

Мансабдорони рус дар Тоҷикистон 559 амволи ғайриманқул доштаанд

“Декларатор”, як пойгоҳи эъломияҳо дар бораи даромад ва амволи мансабдорони Русия  харитаи амволи ғайриманқули мансабдорони русро дар хориҷа таҳия кардааст. Дар он беш аз 6 ҳазор иншоот дар 75 кишвар зикр шудааст.

Дар торнамои қайд мешавад, ки  “бо таҳлили маълумоти зиёда аз 270 ҳазор эъломия коршиносони “Декларатор” ба хулосае омаданд, ки амволи ғайриманқул аз ҳама бештар дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ – Қазоқистон, Арманистон, Беларус ва Тоҷикистон ҷойгир шудааст”.

Тибқи маълумот, ба даҳгонаи аввал ҳамагӣ се кишвари “хориҷи дур” шомил гардидаанд. Пешсафии кишварҳои пасошӯравӣ дар ин самтро низомиён таъмин мекунанд.

Мансабдорони рус дар Тоҷикистон дорои 559 амволи ғайриманқул будаанд.

Ин дар ҳолест, ки хизматчиёни давлатии Тоҷикистон ба харидории амволи ғайриманқул дар қаламрави кишварҳои дигар ҳуқуқ надоранд. Аз соли 2015 мувофиқи тағйирот ба қонун “Дар бораи хизмати давлатӣ”, ба хизматчиёни давлатии Тоҷикистон кушодани суратҳисоб дар бонкҳои берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ва пасандоз кардани маблағу чизҳои гаронбаҳо дар онҳо манъ аст. Ба ҷуз ин, хизматчиёни давлатии Тоҷикистон ба харидории амволи ғайриманқул дар қаламрави кишварҳои дигар ҳуқуқ надоранд.

Новобаста аз ин мушоҳида мешавад, ки танҳо дар худи Русия хизматчиёни давлатии Тоҷикистон ҳазорҳо амволи ғайриманқул ва ҳатто тиҷорат доранд. Бо номнавис кардани ин амвол ба номи яке аз пайвандонашон худашонро аз ҷавобгарӣ халос мекунанд. Аммо таҳлилҳо нишон додаанд, ки баъзе фарзандони ҳеҷкораи мансабдорони тоҷик дар маркази шаҳри Маскав дорои қимматтарин амволи ғайриманқул ҳастанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *