Абдурахим Восеев, фаъоли ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” аз ҷониби маҳкамаи Тоҷикистон барои 23 соли зиндон маҳкум шуд.
Дар ин бора вебгоҳи таҳлилии Isloh.net аз забони як манбаъаш, ки аз зиндони рақами 1 шаҳри Душанбе озод шудааст, иттилоъ додааст.
”Абдураҳими Восеъ, пас аз ин ки 16 январи соли 2017 ба Тоҷикистон истирдод мешавад, аз фурӯдгоҳ уро ба кумитаи амният сипас ба боздоштгоҳ бурдаанд. Шаш моҳ, дурустараш то охирҳои моҳи май он ҷо нигоҳ дошта шудааст. Дар авохири моҳи майи соли гузашта, ӯро тибқи модаҳои 307 (даъвати оммавӣ ба роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон), 187(Ташкили гурӯҳи ҷиноӣ (ташкилоти ҷиноятӣ),189 (барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба 23 соли зиндон ҳукм намудаанд”. — гуфтааст манбаъ
Манбаъи Isloh.net ҳамчунин дар бораи шиканҷа шудани Абдураҳими Восеъ ва вохӯрданаш бо зиндониёни сиёсӣ аз ҷумла Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ва Маҳмадалии Файзмуҳаммад қисса кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Абдураҳим Восеев, моҳи 16 январи соли гузашта, дар сарҳади Русияву Украина ва ба Тоҷикистон истирдод шуда буд.
Дар бораи истирдоди Абдураҳим Восеев бо нашри як сабти видеоӣ Сулаймон Давлатов, фаъоли сиёсӣ хабар дода буд, ки Абдураҳим бо ӯ тавассути радиои “Зелло” дар тамос шуда, гуфтааст, ки дар ҳоли истирдод қарор дорад ва ба зудӣ ҳавопаймо ба самти Душанбе парвоз хоҳад кард.
Давлатов сабти садои Абдураҳимро ҳам пахш карда буд, ки ӯ мегуфт: “…ҳудуди 5 соат пас дар Душанбе мешавем. Аз тамоми дӯстону бародарон хоҳиш мекунам, ки дар ҳақи ман дуъо кунанд. Дуъо кунед, эҳтиёҷ ба дуъои шумо бузургон дорем…”
Дар идома Восеев, зоҳиран дар посух ба суоли Давлатов гуфт: “тамоми воситаҳои алоқаамро гирифта буданд. Алъон аз як бародар хоҳиш кардам радиои “Зелло”-ро дар телефонаш насб кунад, то бо се чор нафар дӯстону бародарон дар тамос шавам…Дигар таваккаламон ба Худо”.
Абдураҳим Восеев соли 2014 ҳам бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Русия боздошт шуда буд, аммо баъдан бинобар бегуноҳӣ ба озодӣ баромад.
Сулаймон Давлатов мегӯяд, Абдураҳим паноҳандагии Русияро гирифта буд, аммо хостааст бо истифода аз шиносномаи тоҷикӣ ҳудуди Русияро тарк кунад, ки дар сарҳади Украина боздошт шудааст.