Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон фармонеро имзо кард, ки ба эътибор гирифтани эътирофи гуноҳҳоро зери шиканҷа манъ мекунад.
Дар фармон «Дар бораи чораҳои иловагии тақвияти кафолати ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар фаъолияти додгоҳиву тафтишотӣ», ки 30 ноябр имзо шудааст, омадааст, давоми се моҳ боздоштгоҳҳо бояд бо дурбинҳои назоратӣ таъмин шаванд.
Бо ин фармон Мирзиёев инчунин манъ кард:
- фишороварии равониву ҷисмӣ ва муносибатҳои ғайриинсонӣ ва таҳқиромез нисбати айборшавандаҳо, шоҳидон ва хешовандони наздики онҳо;
- ба гумроҳӣ бурдани нафари таъқибшаванда ва бозпурсии ӯ бидуни фаҳмонидани ҳуқуқ ва вазифадориҳояш;
- истифодаи шаҳодат аз манбаъи номаълум барои исбти гуноҳ;
- ба парванда ҳамрҳ кардани сабти садоиву наворӣ ва игар асноде, ки бо роҳи ғайриқонунӣ гирифта шудаанд.
Бар асоси ин фармон, аз ин ба баъд дар Ӯзбекистон шоҳидии шоҳидон, ҷабрдида, гумонбар, айбдоршаванда, судшаванда, хулосаи тиббӣ, далели шайъӣ, сабти садо ва навор, ки бо вайрон кардани қонунгузории мурофиавӣ ба даст омадаанд, ба эътибор гирифта нахоҳанд шуд.
Ҳамчунин дар фармон омадааст, ки тақаллуби далелҳо ва маҷбур кардан ба эътирофи гуноҳ ҷавобгарии ҷиноятӣ дар пай хоҳад дошт.
Дар ҳамин ҳол рӯзи гузашта “Паём” аз истифодаи нисбати соҳибкори маъруф ва поягузори ҳизби “Тоҷикистони нав” Зайд Саидов дар зиндони рақами 3-и Тоҷикистон хабар дода буд.