Дирӯз аз ҳафт сабақи куруноӣ гуфтем. Ҳоло ба сабақи ҳаштум мепардозем.
Сабақи ҳаштум, пинҳонкорӣ.
Мақомоти Тоҷикистон дар аксари ҳолатҳо ба ҷои бартараф намудани мушкилот барои пинҳон карданаш кӯшиш мекарданд. Мисолаш ҳам фишор болои вакилони дифоъ ва расонаҳову рӯзноманигорон дар солҳои охир аст. Зимнан, дар натиҷаи ин фишорҳо ин ду институти муътабари ҷомеъаи шаҳрвандӣ — институти рӯзноманигорӣ ва институти адвокатура қариб, ки аз миён рафт. Гӯё ҳаст, аммо бетаъсир. Мақомот бо ин фишорҳо мехостанд, мушкилоте, ки дар ҷомеа вуҷуд дорад ошкор нагардад.
Ва дар огози пайдо шудани бемории COVID-19 хам то oадди имкон саъй карданд, то будани ин бемориро пинҳон доранд.
Оқибати ин пинҳонсозӣ фоҷеаи сахте ба сари миллат овард.
Сабақи нуҳум, адами доштани барномарезӣ ва оянданигарӣ.
Буҳрони куруно собит сохт, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ барномае барои беҳтар сохтани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва барномаҳое барои рӯзҳои мабодо надорад. Агар барномае инчунин медошт, аз оғози паҳншавии беморӣ ба бемористонҳо ёрӣ мерасонд ва хоҷат намемонд, ки мансабдорон маоши худро ба фонди куруно гузаронанд.
Маълум мешавад, ки мақомот танҳо дар бораи ҳамин рӯз фикр мекунанд ва ҳеҷ барномаи панҷсолаву даҳсола надоранд.
Дар ҳоле, ки кишварҳои ҳамсоя воридоти тамоми мошинолотро ба кишварашон манъ кардаанд, мо ҳанӯз донаи офтобпарасту бодиринги шӯру донаи кадуву мисли ҳаминҳоро аз хориҷ ворид мекунем.
Сабаки дахум, худмеҳтарбинӣ ва бузургманишӣ.
Мақомоти Тоҷикистон ҳеҷгоҳ дасткӯтоҳии худро ба гардан намегирифт. Дар ҷашну маросимҳои баҳудаву беҳуда маблағҳои зиёдро исроф мекард. Дур намеравем, ҳамин як якуним моҳ пештар, ки СҶБ исрор кард, ки аз ҷашну таҷаммуъ дурӣ ҷуем, мақомот аслан гӯш надод. Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд бо сарфи маболиғи зиёд барпо гардид. Ва иди картошка ҳам. Ҳоло ошкор гардид, ки бисёре аз мубталоёни COVID-19 маҳз дар ҳамин ҷашн гирифтор шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон чанд сол аст, ки ҳар баҳор аз Ҳоланд лола ва аз Белжик дарахтҳои ороишӣ меоранд. Бо валюта!
«Ба кӯрпа нигоҳ накарда пой дароз кардан» ҳамин аст, ки имрӯз духтури тоҷик ба ҷои бахили 20 дирама дар пояш халтаи селофанӣ мепечонад.
Сабаки ёздаҳум, дурӯғ ва чоплусӣ.
Дар холе, ки вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии асафборе дорем, чандин шабакаи телевизиону родиё рӯзи дароз аз пешрафту рушду равнақ мегӯянд. Аз сиёсатҳои беназир ҳарф мезананд.
Ҳарки бештар таъриф карду ҳарки бештар дурӯғ гуфт болонишин мешавад. Ҳар ки рост гуфту таъриф накард, бегона шуморида мешавад.
Буҳрони курунои бори дигар маълум кард, ки умри дурӯғ кӯтоҳ аст. Ва бо дурӯғ намешавад пеши мушкилро гирифт.
Сабақи дувоздаҳум, зоҳиргароӣ.
Мо ҳамеша шоҳиди аз ҷониби мақомот корхонакушоӣ, лентабурӣ ва ҳисоботи зиёд дар манотиқи ҷумҳурӣ мешавем. Ва ваъдаҳои ба миён омадани садҳову ҳазорҳо ҷойҳои нави кориро мешунавем. Аммо ҳеҷ бозорҳои мо аз тавлидоти худӣ пур намешавад. Ва ҳеҷ муҳоҷири мо дар Ватан соҳиби кор намегардад.
Ин сабақҳо зиёданд, вале ба ҳамин иктифо мекунем.
Ва умед мебандем, ки бӯҳрони куруно чашмҳои мақомдорони моро боз хоҳад кард.
Умедворем, ки оқибат қабул хоҳанд кард, ки мо ҳама савори як киштием ва орзуи ҳамаамон ба саломат ба соҳили мурод расидан аст.
Азиз Нақибзод, рӯзноманигор
Аз саҳифаи фейсбукии муаллиф
Сообщение ПАЁМ.net.