Рубрики Хабарҳо

Чаро мақомот аз тирпарронии Леваканд иттилоъоти гуногун медиҳанд?

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки  далели тирпарронии шоми 17-уми ноябр дар шаҳри Леваканд собиқ Сарбандро рад карда гуфта буданд,  хабари тирпаронӣ асоси воқеӣ надорад. Акнун ба расонаҳо Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорат, имрӯз тасдиқ кардааст, ки “ҷонибҳо аз тири пневматикӣ истифода кардаанд.” Ба гуфтаи сухангӯи ВКД, тафтишоти аввалия нишон додааст, ки “ду тараф барои доштани силоҳи пневматмикӣ ҳуҷҷат доштаанд, аммо задухӯрд ғайриқонунӣ будааст.

Қаблан мақомоти вилояти Хатлон гуфта буданд, ки маълумот дар бораи ҳамаи ҳодисаҳои фавқулода дар вилоят маҳз ба онҳо мерасад, аммо оид ба тирпарронӣ дар Леваканд ягон иттилоот ё маълумоте нарасидааст.

Гуфта мешуд, баъд аз расидани чунин маълумот, гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии кормандони милитсия бетаъхир ба ҷойи ҳодиса сафарбар мешаванд, лекин он шом аз ягон тирпароние хабар нашудааст ва ягон гурӯҳи зудамал ба Леваканд нарафтааст. 

Аммо, субҳи имрӯз  як афсари мустаъфӣ бо шарти ифшо нашудани номаш ба Паём гуфта буд, ки ба ҷои ҳодиса нарафтани гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ на ба он хотир аст, ки ба онҳо дар ин бора маълумот нарасидааст, балки дар байни  бандаҳои дар оилаи раисҷумҳур реша дошта, низоъ хезад, ягон мақомот ба онҷо наздикӣ намекунад ва тамоми ингуна ҷиноятҳо пушида мемонанд. 

Ёдовар мешавем, ки қаблан радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ хабар дода буд, ки шаби 17 ноябр дар назди манзили Илҳом Шарбатович Ҳотамов, маъруф ба Илҳом-Командир вё худ Илҳоми Ботурободӣ, як фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ ва молики ширкати пахтаи “Тaмер ИНБ” тирпарронӣ ба амал омада, як нафар захмӣ шудааст. Дар ин зудухурди бо истифодаи силоҳ одамони Илҳом-Командир бо одамони оилаи Соҳибовҳо ба истилоҳ разбор кардаанд.  Тибқи маълумот баҳс бар сари пули қарз ва замин будааст.

Бино ба маълумоти додаи сомонаи Ахбор Илҳом Ҳотамов, маъруф ба Илҳом-Командир ва Илҳоми Ботурободӣ, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ фармондеҳи Фронти халқӣ, яке аз тарафҳои ин ҷанг буд. Баъдан ӯ ба тиҷорат рӯ овардааст.  Ширкати “Тамер ИНБ”-и ӯ бахусус дар харидуфурӯши пахта пештоз шуд.Ҳамчунин ба сохтмони хонаҳо низ машғул будааст. 

Сомонаи Ахбор як таърихчаро ёдовар шудааст, ки дар он гуфта мешавад, Ширкати “Тамер ИНБ” замоне вирди забонҳо шуд, ки  дар ҷараёни таҳқиқи қазияи обу лойй шудани 800 миллион доллар пули кумак ба хоҷагиҳои пахтакор, ки сабаби як ҷанҷоли бузург байни ҳукумати Тоҷикистон ва Сандуқи байналмилалии пул шуд, ин ширкат дар қатори ширкатҳои дузди  пули кумак ба хоҷагиҳои пахтакор зикр мешуд.

Дар гузориши ниҳоии ширкати байналмилалии аудитории “Ernst & Young”, ки бо дархости Сандуқи байналмилалии пул он қазияро таҳқиқ кард, гуфта мешуд, ки намояндагони “Тамер ИНБ” талош кардаанд, то бо аудитори ин ширкати байналмилалӣ забон биёбанд, ва аз вай хостаанд, ки “выручать” карда, онҳоро аз ин вазъият барорад. Бо ин вуҷуд, баъди анҷоми он аудит дар соли 2010 раисҷумҳур  Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як қарори ҳукумат пардохти 7 миллиону 412 ҳазору 180 сомонӣ қарзи “Тамер ИНБ” аз андозро то 1 январи соли 2013 ба таъхир андохта буд.

Акнун Хонаводаи Соҳибовҳо. Ин хонавода,  аз хонаводаҳои пурнуфуз дар вилояти Хатлон ва берун аз он ба шумор меравад. Ду узви ин хонавода – Мамазоир Соҳибов, Зоир ва бародарзодаи ӯ Шамсулло Соҳибов ба духтарони Эмомалӣ Раҳмон Фирӯзаву Рухшона Раҳмоноваҳо издивоҷ кардаанд. Ин хонавода тиҷоратҳои бузурге дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва дигар минтақаҳои Тоҷикистонро монополия кардаанд. Бозори “Ҳоҷӣ Шариф” – бузургтарин бозори вилояти Хатлон низ ба номи Шариф Соҳибов – сардори ин хонавода буда, ба Соҳибовҳо тааллуқ дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *