Рубрики Хабарҳо

Муҳаммад ибни Салмон, фуруд аз арши рӯъё бар фарши воқеият

Муҳаммад ибни Салмон бо барномаи рӯъёи по ба майдон ниҳод. Арабистон мебоист мустақил аз нафтдоллар ба маркази ҳайтек табдил мешуд. Суқути баҳои нафт, ҷанги Яман ва коруно барномаи ӯро ба чолиш кашиданд. Арабистон ҳоло бо касри будҷа рӯ ба рӯ аст. 

Аз орзуи Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистон шурӯъ кунем. Ў бар он буд то Арабистонро ба марказе барои фановариҳои пешрафтаи ҷаҳон бадал кунад, кишваре боз ва мустақил аз долларҳои нафтӣ. Муҳаммад ибни Салмон дар апрели соли 2016 бо чунин барномае бар рӯйи саҳнаи ҳузур ёфт. Барномае, ки бо унвони “корзори 2030” шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфт. 

Ӯ бар он буд, кишвари суннатӣ ва ақибмондаи Арабистонро то соли 2030 ба чунин кишваре табдил кунад. Чаҳор сол пас аз он, воқеиятҳо заминларзае ба ҷони барномаҳои рӯъёии Муҳаммад ибни Салмон андохтанд. 

Сайти “Тег шпигел” (Tagesspiegel) вобаста ба шабакаи як телевизиони Олмон бо интишори гузорише ба шикофи амиқ байни орзу ва рӯъёи Муҳаммад ибни Салмон бо воқеиятҳои рӯз . Шикофе, ки амалан таҳаққуқи он барнома ва рӯъёро ба чолиш кашидааст. 

Суқути баҳои нафти хом, шуйӯъи бемории коруно ва тадовуми ҷанги Яман аз шукӯҳу азамати орзуҳои Муҳаммад бен Салмони 34 сола костаанд ва акнун ӯ ба ҷойи баҳра гирифтан аз имконоти молӣ, бо касри будҷа бархоста аз буҳронҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ рӯбарӯст. 

Шаҳри санъатии Неом

Яке аз аркони корзори “Арабистон 2030” эҷоди шаҳри хайтеки Неом дар ин кишвар буд. Шаҳре, ки қарор буд бо сармояи болиғ бар 500 миллиард доллар эҳдос шавад. Ҳазинаи эҷоди ин шаҳр, мебоист аз тариқи ҳузури ширкати нафтии ِAramko дар бозори саҳом таъмин мешуд. 

Барои таъмини молии ин шаҳр, Муҳаммад ибни Салмон ба судури нафт бо баҳои бушкае муодили 85 доллар ниёз дошт. Ҳоло баҳои нафт дар сояи буҳрони бархоста аз шуйӯъи бемории коруно ба камтар аз 20 доллар барои ҳар бушка суқут кардааст. Саҳоми Aramko дар чунин шароите ҷаззобияти чандоне барои сармоягузорон надорад. 

Арабистон натанҳо муваффақ ба таъмини чунин будҷае нашудааст, балки акнун бо касри будҷа рӯбарӯст. Вазири дороии Арабистон ҳатто гуфтааст, ки ин кишвар барои таъмини ниёзҳои молии худ бояд воми болиғ бар 58 миллиард доллар бигирад. 

Дар интизори ислоҳот 

Ҳудуди 60 дарсад аз ҷамъияти Арабистонро афроде ташкил медиҳанд, ки камтар аз 30 сол син доранд. Гурӯҳе, ки муддатҳост дар интизори реформҳо ва таҳаққуқи ваъдаҳои ибни Салмон мондаанд. 

Давлат аммо барои бароварда сохтани интизороти онҳо ниёз ба рушди иқтисодӣ ва касби даромади калон дорад. Ин дар ҳолест, ки сатҳи рушди иқтисодии Арабистон дар соли ҷорӣ 2,3 дарсад коҳиш меёбад. Ҳамин мавзӯъ имконоти давлатро барои таъмини хостҳои ин қишр аз ҷомеа коҳиш медиҳад. 

Қатли Ҷамол Хошоқчӣ 

Нақши Муҳаммад ибни Салмон дар моҷарои қатли хабарнигори Вашингтон пост, Ҷамол Хошоқчӣ низ бар боварпазирии мардуми ҷаҳон нисбат ба барномаҳои Муҳаммад ибни Салмон таъсири манфӣ бар ҷой ниҳодааст. 

Гарчи ҳаққи ронандагӣ барои занон ба расмияти шинохта шудааст ва гарчи синамоҳо дар Арабистон пас аз солҳо таътилӣ кори худро оғоз кардаанд, аммо ин кушоиши ҳамроҳ бо аъмоли маҳдудитҳо ва фишорҳои сиёсӣ сурат гирифтааст. 

Хабарнигори “Тег шпигел”  аз ҳамроҳӣ ва ҳамзамонии саркӯб ва либерализм дар сиёсатҳои Муҳаммад ибни Салмон сухан гуфтааст. Ў менависад, ки Муҳаммад ибни Салмон аз як су хостори кушоиши ҷомеа аст ва аз сӯи дигар, ҳар ончиро, ки бихоҳад аз иқтидори ӯ бикоҳад, барнаметобад. 

Ҷанги Яман ва таҳаввулоти Ховари Миёна 

Аз сӯи дигар, барнома ва сиёсати Муҳаммад ибни Салмон дар иртибот бо тасбити қудрати Арабистон дар минтақа, тадовум ва тӯлонӣ шудани ҷанг дар Яман алайҳи шӯришиёни Ҳусиро дар муҳосиба худ надошт. 

На танҳо ҷанги Яман идома ёфт, на танҳо бисёре аз муттаҳидони Арабистон, гом ба гом аз иътилофи низомӣ ба раҳбари ин кишвар дар ҷанги Яман по пас кашиданд, балки ҳатто сиёсатҳои минтақаии Муҳаммад ибни Салмон низ натоиҷ мавриди назари ӯро ба бор наовард. 

Аз он ҷумла метавон ба сиёсати Арабистон дар қиболи Қатар ишора кард. Талошҳои Арабистон барои ба зону даровардани Қатар амалан ноком монд ва Қатар тавонист пилаи инзивои таҳмили Арабистонро бишканад ва ба унвони яке аз қудратҳои минтақае қади алам кунад.

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *