Рубрики Хабарҳо

Профессори тиб: воҳима набояд кард, ҳазорҳо нафар аз коруно ба таври табиӣ шифо ёфтаанд.

Доктори улуми тиббӣ Яҳё Маккӣ Абдулмуъмин, Раиси бахши саратоншиносӣ ва вирусҳои роҳҳои нафас дар донишкадаи тиббии шаҳри Лиони Фаронса чунин мешуморад, ки вируси “COVID 19” маъруф ба вируси коруно ба вабои умумиҷаҳонӣ мубаддал шудааст. Хатари ин вирус дар он аст, ки он сирояткунанда буда, танҳо нисбат ба шахсоне, ки бемории музмин ва ё ҷиҳози масунияти (иммунитет) заиф доранд,  бемории қотил мегардад. Ӯ ба ҳайси мушовир ва мутахассиси бахши вирусшиносӣ дар Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ чунин андеша дорад, ки набояд аз хатари ин вирус воҳима кард, зеро то ҳанӯз ба шарофати ҷиҳози масунияти табиии худ, ҳазорҳо беморони гирифтор ба ин вирус пурра шифо ёфтаанд.

Фишурдаи мусоҳибаи ин мутахассиси соҳа аз сомонаи Алҷазира ба  бароятон пешкаш мегардад. 

Сомона: Ҳамчун мутахассиси вирусшинос хатари вируси коронаро миёни дигар вирусҳои то ҳол ба илм маъруф чи гуна арзёбӣ мекунед?

Профессор: Вируси  корона аз нигоҳи хатарноки аз дигар вирусҳое, ки солҳои охир пайдо шудаанд, дар сатҳи поёнтар қарор дорад. Зеро масалан, фоизи фавтидагон аз вирусе, ки соли 2003 пайдо шуда буд, 16% и гирифторон буд, вале фоизи фавтидагон аз умуми ба вируси корона гирифторшудагон то ҳол аз 3% то 5%ро ташкил мекунад. Масалан, дар кишвари Чин то ҳанӯз тақрибан 80 ҳазор нафар ба ин вирус олуда шудаанд, ки зиёда аз 70 ҳазори онҳо аз он шифо ёфтанд. Шумораи фавтидагон бошад, тақрибан се ҳазор аст. Дар ҳоле, ки аз бемории зукоми одӣ солона аз 300 ҳазор то 700 ҳазор нафар ҷони худлро аз даст медиҳанд. Бино ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ солона то 50 миллион нафар ба ин беморӣ гирифтор мешаванд.

Сомона: Ба андешаи шумо сабаби пайдо шудани чунин вирусҳо маҳз дар кишвари Чин дар чист? Оё он ба тарзи зиндагии мардуми маҳаллӣ рабте дорад? 

Профессор: Олами вирусҳо ба оилаҳои гуногун тақсим мешаванд. Баъзе аз он ба ҷигари инсон мерасад ва баъзе ба роҳҳои нафас, пӯст ва ғайра. Оилаи вирусҳои корона дар оғоз дар организми инсон вуҷуд надошт. Балки одатан, мо онҳоро дар организми парандагон, куршаракҳо, мору мушҳо ва мурғу хукҳо мушоҳида мекардем. Азбаски истифодаи ин гуна ҷонварон ҳамчун ғизо аз тарафи чиниён ва парвриши он дар хонаҳо аз одати маъумлии мардуми чин мебошад, маҳз ҳамин чиз омили асосии омехта шудани ин вирусҳо ва таҳаввули гени онҳо гардида ва ниҳоят ба дигар ҷонварон гузаштааст. Минбаъд марҳалаи тановули гӯшти ин ҷонварон дар шакли нимхом боис шудааст, ки он аз ҷонварон ба инсон гузарад.

Сомона: Роҳҳои сирояти ин вируси чи гуна аст?

Профессор: Вируси мазкур асосан, бо роҳи оби даҳон, сулфа ва атса мегузарад. Инчунин метавонад бо даст салом кардан ва бӯса низ сабаби сироят шавад.

Сомона: Марҳалаи инкишофи ин вирус чанд муддат аст? 

Прфессор: Муддати пайдоиш ва инкишофи ин вирус аз панҷ то чордаҳ рӯз аст. Оне мегӯянд, ки дар муддати аз ин бештар пайдо шуда маълум мешавад, асос надорад.

Сомона: Хатари ин вирус дар чист? 

Профессор: Хатари ин вирус дар он аст, ки аз шахси ба он гирифтор шуда ба дигарон аз фосилаи як метр метавонад гузарад. Инчунин нишонаҳои он дар аввал дар шахсе, ки ба он гирифтор шудааст, зоҳир намешаванд, ки дар натиҷа шинохти ашхоси аз он осебдида душвор мегардад.

Сомона: Нишонаҳои ин беморӣ кадомҳоанд?

Профессор: Муҳимтарин нишонаҳои он таб, сулфа бо душвор шудани нафаскашӣ, илова ба эҳсоси хастагӣ ва дард дар буғуму мушакҳо.

Сомона: Таҳиқотҳои охирин дар Чин нишон медиҳанд, ки фоизи кӯдаконе, ки ба ин вирус гирифтор шудаанд, нисбатан кам мебошад. Ба ин чӣ мегӯед?

Профессор: То ҳол касе аз нигоҳи илмӣ ва тиббӣ гуфта наметавонад, ки чаро ин вирус ба кӯдакон ҳамла намекунад. Ман ҳамчун табиби мутахассиси соҳа бино ба он илме, ки Худо ба ман додааст, дар ин бора чунин гуфта метавонам, ки вируси мазкур то ҳол ба кушодани “шифри” ҳуҷайраҳои ҷиҳози нафаскашии кӯдакон имкон наёфтааст, то ба он ҳамла кунад. Инро ҳамчун навъе аз инояти илоҳӣ нисбат ба навзодон ва кӯдакон бояд қабул кард. 

Сомона:  Баъзе мегӯянд, ки  ҳастанд ашхосе, ки ба ин вирус гирифтор шудаанду вале нишонҳояш дар онҳо зоҳир намешавад. Оё ин дуруст аст? 

Профессор: Бале. Ҳастанд касоне, ки гирифтор ба ин вирусанду вале нишонаҳои он дар онҳо дида намешавад. Бо вуҷуди ин онҳо осебе надиданду бе ягон доруву муоилаҷа пурра аз он шифо ёфтанд. Зеро ҷиҳози масунияти онҳо дарҳол бар зидди ин вирус фаъол шуда, онро нобуд кардааст. Ин гуна беморон худашон ҳам нафаҳмидаанд, ки ба чунин вирус гирифтор шудаанд. Танҳо баъди ташхис маълум шудааст, ки онҳо гирифтор будаанду аз он пурра шифо ёфтаанд.

Сомона: Донишкадаи маъруфи Пастер дар Фаронса эълом намуда, ки барои сохтани ваксина ба ин вирус то як сол лозим аст. Чаро барои сохтани як ваксина ин қадар муддат? 

Профеесор: Бале. Сохтани ин гуна ваксинаҳо вақти зиёд мехоҳад, зеро барои таҳқиқу озмоиш пеш аз аз итеҳсол ва истифодаи он чанд моҳ зарур аст. Ҳоло ин вирус дар озмоишгоҳҳои маъруфи илмии оламӣ нигаҳдорӣ шуда, олимон барои сохтани ваксина аз он талош доранд, ки он тақрибан то 12 моҳ тӯл мекашад, зеро он бояд аз таҳлилҳои тиббӣ ва озмоишҳои аввалия оид ба таъсири он гузарад, ки барои худи ин чанд моҳ лозим аст. Баъдан, бояд онро ба андозаи зиёд барои миллионҳо нафар истеҳсол кард, ки ба ҳамаи ин шароити лозима мисли корхонаҳои истеҳсолӣ зарур мебошанд. Фикр мекунам, ки дар ин ҷода ҳамкориҳои умумибашарӣ ва байнидавлатӣ бояд ба таври густарда ба роҳ монда шавад, то пеш аз он ки ин вирус ба дарди бедаво мубаддал гардад, илоҷи он пайдо карда шавад. 

Сомона: Фарзияҳое низ ҳастанд, ки пайдоиши ин вирусро сунъӣ дар озмоишгоҳҳо медонанд. Мисли силоҳи биологӣ. То куҷо ин гуна фарзияҳо ба ҳақиқат наздиканд? 

Профессор: Ин назария мантиқӣ нест. Чи хел метавон гуфт, ки вирусе аз тарафи як давлат сохта шудааст, ки барои аз кор мондани бахшҳои фаъоли ҷаҳонӣ мутамаддин сабаб шудааст. Хусусан, буҳронҳои иқтисодӣ, поёнравии биржаҳои молии умумиҷаҳонӣ дар Ғарб. Тавре мушоҳида мешавад, иқтисоди Амрико ва Аврупо аз пайи интишори ин вирус миллиардҳо доллар зиён дида истодааст. Оё ба ақл рост меояд, ки ин кишварҳо худашонро бо дасти худашон ба нобудӣ дода истодаанд?

Маълум аст, ки вируси мазкур аз ҷонварон ба инсон гузаштааст ва таркиби он аз оилаи вирусҳое мебошад, ки то ҳол барои илми вирусшиносӣ маълум буд. Ман ҳамчун мутахассис ба ин чиз заррае шубҳа надорам. Сониян, ин вирус аввалин ҳам нест ва охирин ҳам намешавад. Аз ин рӯ, ба итминони комил мегӯям, ки озмоишгоҳҳову  тавтиаҳо дар интишори он дасте надоранд.

Сомона: Олам имрӯз аз пайи интишори ин вирус ба таҳлука афтодааст. Оё ба ин асосе ҳаст? Ё ба андешаи шумо, он аз воҳимае беш нест?

Профессор: Умедворам, ки рӯзҳои оянда ҳама чиз ҷойи табии худро мегирад. Зеро ин воҳимаҳо аз хатари вируси корона ба пайдо шудани падидаҳои салбии иҷтимоӣ, мисли бесарусомонӣ, тарсу ҳарос, аз кор мондани ҷараёни ҳаёти иҷтимоии мардум ва ғайра сабаб мешаванд. аз он ки миллионҳо кас ба даҳону биниашон ниқоб мегиранд, чи суд? Ин кор фоидае надорад. Ба ҷойи ин беҳтар аст, ки аз он танҳо табибону кормандони беморхонаҳо, ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ, кормандони фурудгоҳҳо, истифода кунанд. Ба шаҳвандони одӣ аз истифодаи он суде нест. 

Сомона: Барои нигаҳ доштани худ аз ин вирус шахс бояд чи кор кунад? 

Профессор: Ман барояшон тавсия медодам, ки дасту биниашонро ба таври мунтазам шуста истанд, бо даст саломат накунанд, ба бӯсу канор роҳ надиҳанд. Танҳо аз дур бо саломи овозӣ иктифо кунанд. Инчунин хуб мешавад, ки аз мавзеҳои серодам монанди истгоҳҳо, бозигоҳҳо, кинотеатрҳо, бозорҳо ва ғайра дурӣ ҷӯянд. Ҳамчунин ба калонсолон ва ашхосе, ки ба зуком гирифтор шудаанд, тавсия мешавад, ки ба хотири муҳофизати саломатии дигарон ба масҷид нараванд. Зеро дар дини Ислом манфиати ом аз манфиати шахсӣ муқаддамтар меистад. 

Ба шахси ба ин вирус гирифтор шуда бошад, чунин тавсия смешавад, ки аз дигарон ақалан ба фосилаи се метр дуртар истад, дар хона ашёи хӯрокхӯрӣ, хонаи хоб ва пӯшокаш ҷудо ва алоҳида бошад. Аҳли ӯро зарур аст, ки дар беморхона ба диданаш нараванд ва то пурра шифо ёфтанаш фақат бо ҳолпурсӣ тавассути телефон иктифо кунанд.

Сомона: Дар кишварҳои арабӣ паҳн шудани ин вирусро чи гуна пайгирӣ мекунед?

Профессор: Олам имрӯз ба як деҳаи хурдакак табдил ёфтааст ва олами арабӣ низ аз он офатҳое, олам ба он гирифтор мешавад, дур монда наметавонад. Паҳн шудани як беорӣ низ аз ҳамин қабил аст. Инҷо бояд ба нуқтае таъкид намоям. Дар хусуси он, ки вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳо аз тарафи иддае аз “даъватгарон” ва ё “коршиносон” пахш шуда истодааст, ки ба гумони онҳо бо роҳи тановули гиёҳҳои давобахш имкони муолиҷаи ин вирус вуҷуд дорад. Бешак, ин гуна даъвоҳо тамоман асос надоранд. Балки баръакс метавонанд ба бештар гирифтор шудани шахс оварда расонанд. 

Мо мусулмонон бояд бештар дуо кунем ва аз Худо бипурсем, ки моро ва дигар инсониятро аз ин вабо нигаҳ дорад ва тезтар наҷот бахшад. Даъватгарон ва воизони диниро зарур аст, ки доир ба масъалаҳое, ки аз ихтисосашон нест, сухан накунанд. Зеро олами вирусҳо донишманд ва мутахассиси худашро дорад, ки дар пажӯҳишгоҳҳои илмиву тиббии махсус ба таври шабонарӯзӣ дар талошанд, ки ба ин гуна вирусҳо ваксина ёбанд. Зеро муолиҷаи он бо роҳи илмӣ ва тиббӣ мешавад, на бо тановули гиёҳҳо ва ё тавсияҳои номаълум, ки шояд боиси тамоман аз даст додани саломатӣ гарданд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *