Ду рӯз пеш як блогери озарӣ бо насаби Гусейнов дар бораи муҳоҷири тоҷике, ки аз тарафи корфармояш азият дидаву аз ошёнаи дуввум ба зер партофта шудааст, навор пахш кард.
Вой бар ҳоли тоҷики тоҷдор! Замин накафид, то дароям.
Шармандагӣ дар он аст, ки он озарӣ мегуфт: ҳамватанони ин тоҷик ки шоҳиди ҳодиса буданд, аз шаҳодат додан сар боз заданд ва нахостанд алайҳи корфармои русашон ба нафъи ҳамватанашон шоҳидӣ диҳанд..
Дар навор дида мешуд, ки нафаре бо либоси афсари пулиси рус бо онҳо сӯҳбат дошт ва ба гуфти блогери озарӣ, тоҷикҳоро илтиҷо мекард, то алайҳи он корфармои рус шоҳидӣ диҳанд, аммо ҳамагӣ сарпечӣ мекарданд.
Чаро ҳамватанони мо ҳамдигарро дастгирӣ намекунанд?
Кӣ миллатро ба ин рӯз оварда расонд?
Зулму истибдод ин наҳси мутлақ аст. Худованд борҳо дар Қуръон золимро лаънат кардааст.
Аз ҷиҳати равонӣ ва иҷтимоӣ таҳлил намоем, мебинем ки истибдоди Раҳмон рӯҳияи мардуми моро шикаст. Мардумро буздил кард. Боз ҳайрон мешавем ки чаро ҷавонон аз хидмати ватан мегурезанду коргарони комисариати ҳарбӣ мисли гурбаи “Том ва Ҷери» ё гурги «Ну, погоди» дум-думи онҳо дар кӯчаву паскӯчаҳо медаванд.
Истибдоди Раҳмон на танҳо рӯҳу равони мардумро, балки тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеаро шал кард. Ҳама аз тарс аз субҳ то бегоҳ дар даст тасбеҳ «ситоишу дуруд ба Раҳмону оли Раҳмон» мехонанд. Тоҷирон, мансабдорон, зиёиён, нависандагон, «муллоҳо» санъаткорон ва ҳама қишрҳои ҷомеа ба як мошине табдил ёфтаанд ки вазифааш ҳосилғундорӣ баҳри хирмани ҷанобро пур кардан аст.
Тоҷир бо ришва он хирманро пур мекунад. Мансабдор то метавонад ғорат мекунаду “доля”-и оли Раҳмонро ба хирман мерезад. Зиёӣ бо тамаллуқу пойбӯсӣ аз ӯ бут метарошад. Нависанда аз номаш китоб менависаду ӯро алломаи замон ҷилва медиҳад. Муллоҳо бошанд аз ҳама нақши палидтаринро бар ӯҳда гирифта барои ҳамаи номаъқулиҳо ва нақшаҳои зиддидинии ӯ ба як ихтироъкории камназир, либоси дини мепӯшонанд. Санъаткорон бо шеъру сурудҳои фач ва рақсу думбаҷунбонӣ аз ӯ ҳомии фарҳанг метарошанд.
Бемории «уқдаи наргиси»-и ӯро бошад, бо ташкил кардани чорабиниҳои дабдабанок ва пешкаш кардани атласпӯшону адраспӯшон муолиҷа мекунанд. Касалии эфеболияи ҷаноб бо пешкаш кардани духтаракони зебо дар чорабиниҳои пурдабдаба ором карда мешавад.
Хулоса ҳамин ҷомеа буд ки ӯро ба мартабаи худоӣ расонд. Ҳама қишрҳо ба ӯ субҳу шом ситоиш мехонанд. Камтарин эътироз ба ин маҳдиясароиҳо тарафро ба “душмани халқ” “тарафдори ТТЭ ҲНИТ” табдил медиҳад.
Натиҷа ин шуд, ки мардум ҳавият, ҳастӣ, дин, одат, фарҳанг ва ҳама муқаддасоти худро аз даст дод ва ба бардаю бандаи Раҳмону оли Раҳмон мубаддал шуд. Миллат дар ҳоли табдил шудан аз тоҷик ба “миллати Раҳмон» аст. Як одам тавонист миллатро ба сатҳе расонад, ки:
агар онҳоро таҳқир кард, ӯро ситоиш мекунанд;
агар молашонро ба зӯри гирад, шукр мекунанд ки онҳоро зинда монд;
агар онҳоро хору беобрӯ кунад, ӯро таъриф мекунанд;
агар якеро ба дигари иғво андозад, ин кори ӯро сиёсати хирадмандона мехонанд;
агар хазинаи давлатро ба рақсу думбҷунбонӣ сарф кунад, ӯро саховатманду ҷавонмард мехонанд,
агар дашномашон дод, шукр мегӯянд ки назад;
агар латукӯб кард шукр мекунад ки накушт;
агар онҳоро мусла нокарда кушт, шукр мекунанд ки ӯ бо меҳрубонии хосе кушт;
агар ба самти кушторгоҳ мебарад, мисли рамае мераванд ва аз сарзаниш шудан ҳарос доранд;
Буздилие ки аз нодониву ҷоҳилӣ сарчашма мегирад, моро ба қассобхонаи таърих савқ дода истодааст!
Бо “фазлу карам”-и Раҳмону оли Раҳмон.
Афшини Муҷтабо